https://sputnik.tj/20220526/kohish-meyor-boztamvil-rusiya-1048720846.html
Коҳиши якбораи меъёри бозтамвил дар Русия
Коҳиши якбораи меъёри бозтамвил дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро ғайримунтазира аз ҳадде ки қаблан коршиносони молиявӣ пешбинӣ мекарданд, бештар поин бурда, 11% муқаррар кард
2022-05-26T12:38+0500
2022-05-26T12:38+0500
2022-05-26T14:16+0500
бонк
дар русия
иқтисод
меъёри бозтамвил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/12/1046909807_0:65:3071:1792_1920x0_80_0_0_2116757f0f28829176a528e0012bb647.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Меъёри бозтамвил дар Русия ба андозаи 3 банди фоизӣ поин бурда шуд, хабар дод Бонки марказии ФР.Даҳаи сеюми моҳи апрел Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро аз 17 ба 14% ва дар даҳаи аввал аз 20 то ба 17% кам карда буд.Қаблан коршиносон пешгӯӣ карда буданд, ки эҳтимол Бонки марказӣ дар ҳаҷми 2 банди фоизӣ меъёри бозтамвилро поин барад. Шӯрои мудирон ғайримунтазира ин меъёрро 3 банди фоизӣ поин бурда, то ба 11% расонд.Бонки марказӣ дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина ва эълони таҳримоти густурда алайҳи Маскав меъёри бозтамвилро то 20% боло бурда, ҳадафи онро коҳиши таъсироти манфӣ ба иқтисоди мамлакат хонда буд.Коҳиши ғайримунтазираи меъёри бозтамвил дар РусияНиҳоди танзимкунандаи бахши молиявии Русия таъкид намуда, ки аз ҳисоби афзоиши меъёри бозтамвил пасандози шаҳрвандон аз беқурбшавӣ ҳифз гардид.Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.Маврид ба зикр аст, дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ғарб таҳримотеро роҳандозӣ кард, ки низоми бонкиро низ фаро гирифт. Аз ҷумла бархе бонкҳои Русия аз низоми байналмилалии интиқоли пул хориҷ карда шудаанду қисме аз дороиҳои Бонки марказии Русия аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ баста шуданд.
https://sputnik.tj/20220526/dollar-sabab-ustuvor-rubl-1048716730.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/12/1046909807_5:0:2736:2048_1920x0_80_0_0_7be863147c780fcfaf3dc0b9bdada50e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, меъёри бозтамвил, поён
русия, меъёри бозтамвил, поён
Коҳиши якбораи меъёри бозтамвил дар Русия
12:38 26.05.2022 (Навсозишуда: 14:16 26.05.2022) Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро ғайримунтазира аз ҳадде ки қаблан коршиносони молиявӣ пешбинӣ мекарданд, бештар поин бурда, 11% муқаррар кард
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Меъёри бозтамвил дар Русия ба андозаи 3 банди фоизӣ поин бурда шуд, хабар дод Бонки марказии ФР.
"Шӯрои мудирони Бонки марказӣ 26 майи соли 2022 қарор кард, ки меъёри бозтамвил ба андозаи 300 банди заминавӣ поин бурда шаваду дар ҳадди 11%-и солона муқаррар гардад", - омадааст дар иттилоия.
Даҳаи сеюми моҳи апрел Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро аз 17 ба 14% ва дар даҳаи аввал аз 20 то ба 17% кам карда буд.
Қаблан коршиносон пешгӯӣ карда буданд, ки эҳтимол Бонки марказӣ дар ҳаҷми 2 банди фоизӣ меъёри бозтамвилро поин барад. Шӯрои мудирон ғайримунтазира ин меъёрро 3 банди фоизӣ поин бурда, то ба 11% расонд.
Бонки марказӣ дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина ва эълони таҳримоти густурда алайҳи Маскав меъёри бозтамвилро то 20% боло бурда, ҳадафи онро коҳиши таъсироти манфӣ ба иқтисоди мамлакат хонда буд.
Ниҳоди танзимкунандаи бахши молиявии Русия таъкид намуда, ки аз ҳисоби афзоиши меъёри бозтамвил пасандози шаҳрвандон аз беқурбшавӣ ҳифз гардид.
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.
Маврид ба зикр аст, дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ғарб таҳримотеро роҳандозӣ кард, ки низоми бонкиро низ фаро гирифт. Аз ҷумла бархе бонкҳои Русия аз низоми байналмилалии интиқоли пул хориҷ карда шудаанду қисме аз дороиҳои Бонки марказии Русия аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ баста шуданд.