Аз Панҷакент то Рӯшон: эълони харобкориҳои селу шамол дар Тоҷикистон

© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Ҳавои номусоид дар Тоҷикистон хонаҳоро пур аз лою заминҳоро корношоям кардааст. КҲФ гуфт, ҳаҷми хисоротро ҳисоб мекунанд
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Боронҳои пуршиддати шаби 12 май дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон хисороти зиёдеро дар пай доштааст.
Аз ҷумла дар шаҳри Панҷакент селоба аз сой берун шуда, ба ҳавилии сокинон даромадааст
Шероз Ҳайдаров, муовини сардори шуъбаи КҲФ дар шаҳри Панҷакент дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, селхезӣ дар се ҷамоати шаҳр ба қайд гирифта шуда, хушбахтона, ягон сокин зарари ҷисмонӣ надидааст.

“Дар ҷамоати Косатарош ду ҳолат ва дар ҷамоати Сӯҷина се ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки сел ҳавлии сокинонро зер кардааст. Дар деҳоти Моғиён низ чунин ҳолатҳо ба қайд гирифта шудаанд. Хушбахтона, талафоти молӣ ва ҷонӣ нест”, – зикр кард мақомдори КҲФ.

Бино ба иттилои манбаъ, сел ба ҷуз аз ҳавлии сокинон чандин гектар замини кишти шолӣ ва дигар зироати аҳолиро дар деҳаҳои Чорбоғ ва Сӯҷина ба коми худ бурдааст.
Шероз Ҳайдаров гуфт, ҳоло комиссия ҳаҷми зарари расида аз ин офати табииро ҳисоб мекунад.
КҲФ: Чор рӯзи боронгариҳо дар Тоҷикистон боиси селу обхезиҳо мешавад
Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар гуфт, дар ин рӯз шамоли сахт як қисмати боми мактаб ва як хонаро дар ноҳияи Рӯшон барканд.
Ҳамчунин бинобар боришоту обхезӣ дар маҳаллаҳои Лангар, Хелесон ва Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара заминҳои наздиҳавлигии ҳафт сокини маҳаллӣ зери об мондааст.
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Аз Ашт то Айнӣ: мақомот гуфтанд, ки дар Суғд чанд шаҳру ноҳияи селхез вуҷуд дорад
Зимнан гуфта мешавад, бар асари боришот 350 метр роҳи селпартои маҳаллаҳои Лангар ва канали Мастчоҳи деҳаи Хоҷаи Аълоро лоиқа пур кардааст, ки ин ҳолат бартараф карда мешавад.
Ёдовар мешавем, қаблан мақомот гуфта буданд, ки шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Ашту Айнӣ, Конибодому Исфара, Спитамену Мастчоҳу Деваштич, Истаравшану Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз манотиқи осебпазир аз сел дониста мешаванд, ки дар кӯҳсор ҷойгиранд ва аз ин лиҳоз хатари селфароӣ дар ин навоҳӣ пайваста вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол КҲФ бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ҳавои номусоид дар кишвар то санаи 16 моҳи май давом мекунад ва боридани боронҳои пуршиддат, жола, шамоли сахт, раъду барқ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0