https://sputnik.tj/20220525/tojikiston-forum-bokhtar-fud-1048696802.html
Дар интизории шартномаҳо: Дар Тоҷикистон форуми "Бохтар фуд 2022" кушода шуд
Дар интизории шартномаҳо: Дар Тоҷикистон форуми "Бохтар фуд 2022" кушода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷануби кишвар, вилояти Хатлон ҳамоиши байналмилалии содирот ифтитоҳ ёфт, ки дар он дувоздаҳ кишвар ва садҳо меҳмонон ширкат доранд
2022-05-25T14:35+0500
2022-05-25T14:35+0500
2022-05-25T20:52+0500
дар тоҷикистон
хатлон
форум
иқтисод
ҳамкорӣ
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102308/30/1023083040_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_4880651b705d6751e60238a5f1e4d9ae.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии содиротии "Бохтар фуд-2022" оғоз шуд, хабар медиҳад Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон. Дар он зиёда аз 270 нафар мехмонон аз 12 мамлакат иштирок доранд. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, Русияро дар форум Маскав, Санкт-Петербург, вилояти Свердловск, Бошқирдистон ва Тотористон намояндагӣ мекунанд. Илова бар ин, дар ин ҳамоиш намояндагони Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Беларус, Узбекистон, Озарбойҷон, Покистон ва бисёр дигар кишварҳо ширкат доранд. Шавкат Бобозода, директори Ожонси содиротии Тоҷикистон гуфт, тибқи маълумоти муқаддамотӣ, дар ҷараёни ин ҳамоиш созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи на камтар аз 20 миллион доллар имзо хоҳанд шуд. Ба таъкиди ӯ дар ин чорабнӣ 9 моли тоҷикӣ дар хориҷа талабот зиёд дорад. Қабл аз оғози чорабинӣ меҳмонон бо намоишгоҳе шинос шуданд, ки ҳосили аввалини вилоятро пешкаш мекунад: асосан меваҳо – шафтолу, зардолу, олу, себ, нок, инчунин харбуза, тарбуз, лиму, хушкмева, шарбат ва бисёр чизҳои дигар. Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири ҳукумати Тоҷикистон, дар 5 соли ахир феҳристи номгузории содиротии кишвар аз 342 ба 450 адад афзоиш ёфтааст.Илова бар ин, вай афзуд, барои ҷалби содиркунандагон ба бозори Тоҷикистон қонунгузории Тоҷикистон 109 имтиёз пешбинӣ кардааст. Аз ин шумора 59-тоаш андоз ва 35-тоаш гумрук аст. Дар соли 2022 танҳо аз вилояти Хатлон содироти беш аз 95 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220521/maqomoti-tojik-afzoishi-sodiroti-kishovarzi-monea-1048620285.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102308/30/1023083040_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_fa5b32bce695469a3b381ba88160d0e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон форум "бохтар фуд 2022"
тоҷикистон форум "бохтар фуд 2022"
Дар интизории шартномаҳо: Дар Тоҷикистон форуми "Бохтар фуд 2022" кушода шуд
14:35 25.05.2022 (Навсозишуда: 20:52 25.05.2022) Дар ҷануби кишвар, вилояти Хатлон ҳамоиши байналмилалии содирот ифтитоҳ ёфт, ки дар он намояндагони дувоздаҳ кишвар ва садҳо меҳмонон ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии содиротии "Бохтар фуд-2022" оғоз шуд, хабар медиҳад Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Дар он зиёда аз 270 нафар мехмонон аз 12 мамлакат иштирок доранд.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, Русияро дар форум Маскав, Санкт-Петербург, вилояти Свердловск, Бошқирдистон ва Тотористон намояндагӣ мекунанд.
Илова бар ин, дар ин ҳамоиш намояндагони Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Беларус, Узбекистон, Озарбойҷон, Покистон ва бисёр дигар кишварҳо ширкат доранд.
Шавкат Бобозода, директори Ожонси содиротии Тоҷикистон гуфт, тибқи маълумоти муқаддамотӣ, дар ҷараёни ин ҳамоиш созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи на камтар аз 20 миллион доллар имзо хоҳанд шуд.
Ба таъкиди ӯ дар ин чорабнӣ 9 моли тоҷикӣ дар хориҷа талабот зиёд дорад.
Қабл аз оғози чорабинӣ меҳмонон бо намоишгоҳе шинос шуданд, ки ҳосили аввалини вилоятро пешкаш мекунад: асосан меваҳо – шафтолу, зардолу, олу, себ, нок, инчунин харбуза, тарбуз, лиму, хушкмева, шарбат ва бисёр чизҳои дигар.
Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири ҳукумати Тоҷикистон, дар 5 соли ахир феҳристи номгузории содиротии кишвар аз 342 ба 450 адад афзоиш ёфтааст.
"Боварӣ дорам, ки имрӯз табодули афкор ва таҷриба сурат гирифта, имконоти мавҷуда барои густариши шарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт", - гуфт ӯ дар ифтитоҳ.
Илова бар ин, вай афзуд, барои ҷалби содиркунандагон ба бозори Тоҷикистон қонунгузории Тоҷикистон 109 имтиёз пешбинӣ кардааст. Аз ин шумора 59-тоаш андоз ва 35-тоаш гумрук аст.
Дар соли 2022 танҳо аз вилояти Хатлон содироти беш аз 95 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар назар аст.