https://sputnik.tj/20220525/pashinyan-etiroz-mardum-intikhob-1048709241.html
"Ба онҳо халал нарасонед": Вокуниши Пашинян ба эътирозҳои мухолифин
"Ба онҳо халал нарасонед": Вокуниши Пашинян ба эътирозҳои мухолифин
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Арманистон маънии сиёсияшонро гум карданд ва онҳо аллакай на зидди ҳукумат, балки мардум ҷараён гирифта истодаанд, гуфт сарвазири ҷумҳурӣ
2022-05-25T19:30+0500
2022-05-25T19:30+0500
2022-05-25T19:56+0500
арманистон
сиёсат
эътироз
никол пашинян
ереван
ҳамоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044678867_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_a80a7e3d47ad9545699086d84bb65e5d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Мақсади эътирозҳо дар Ереван эҷоди ҳарчи бештари нороҳатӣ барои шаҳрвандон ва ҷомеа дар умум мебошад. Ин нуқтаро Никол Пашинян, сарвазири Арманистон зимни соати парлумонӣ дар Маҷлиси миллии кишвараш баён дошт. Вай афзуд, ки феълан равандҳо на зидди ҳукумат, балки алайҳи ҷамъият рафта истодаанд. Ҳадафи мухолифон ин аст, ки модоме мардум ба онҳо пайваст намешаванд, бояд ҳарчи бештар барояшон нороҳатӣ эҷод карда шавад, аз қабили роҳбандии бештар дар пойтахт, бовар дорад раиси Ҳукумати Арманистон. Ба ақидаи ӯ, ташкилкунандагони эътирозҳо аз шаҳрвандон барои пайваст нашудан бо онҳо, барои натиҷаи интихоботи соли гузаштаи парлумонӣ "қасос" гирифта истодаанд. "Мухолифин худашон сатҳи маъруфияташонро миёни мардум поин бурда истодаанд ва аз ин дидгоҳ ба онҳо набояд халал расонд", - бовар дорад Пашинян. Ёдовар мешавем, ки мухолифони Арманистон чанд ҳафта боз дар пойтахт бо талаби истеъфои сарвазири феълӣ Никол Пашинян тазоҳурот баргузор мекунанд.Эътирозгарон бар ин боваранд, ки сиёсати мақомот кишварро ба аз даст додани Артсах ва хатми давлатдории Арманистон мебарад. Мухолифин аз 25 апрел ба ин сӯ тазоҳуроти густурда баргузор мекунанд.
https://sputnik.tj/20220525/erevan-daftari-raisjumhur-muhosira-1048696375.html
арманистон
ереван
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044678867_124:0:2855:2048_1920x0_80_0_0_1ef5d68e774c9990fd8a34b97b83a2d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамоиш, эътирозӣ, пашинян, сарвазир, шарҳ
ҳамоиш, эътирозӣ, пашинян, сарвазир, шарҳ
"Ба онҳо халал нарасонед": Вокуниши Пашинян ба эътирозҳои мухолифин
19:30 25.05.2022 (Навсозишуда: 19:56 25.05.2022) Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Арманистон маънии сиёсияшонро гум карданд ва онҳо на зидди ҳукумат, балки алайҳи мардум ҷараён гирифта истодаанд, гуфт сарвазири ҷумҳурӣ
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Мақсади эътирозҳо дар Ереван эҷоди ҳарчи бештари нороҳатӣ барои шаҳрвандон ва ҷомеа дар умум мебошад.
Ин нуқтаро Никол Пашинян, сарвазири Арманистон зимни соати парлумонӣ дар Маҷлиси миллии кишвараш баён дошт.
"Ҳолат дигар сиёсӣ нест, он бештар логистикист... Мухолифон як моҳи расо дар ихтиёр доштанд, ки бо истифода аз тамоми васоил паёмашонро ба ҷомеа расонанд. Ҳадафи чунин маъракаҳо ҷалби ҷомеа ва ташкили талаботи сиёсист. Аммо чунин нашуд", - гуфт сарвазир.
Вай афзуд, ки феълан равандҳо на зидди ҳукумат, балки алайҳи ҷамъият рафта истодаанд. Ҳадафи мухолифон ин аст, ки модоме мардум ба онҳо пайваст намешаванд, бояд ҳарчи бештар барояшон нороҳатӣ эҷод карда шавад, аз қабили роҳбандии бештар дар пойтахт, бовар дорад раиси Ҳукумати Арманистон.
Ба ақидаи ӯ, ташкилкунандагони эътирозҳо аз шаҳрвандон барои пайваст нашудан бо онҳо, барои натиҷаи интихоботи соли гузаштаи парлумонӣ "қасос" гирифта истодаанд.
"Мухолифин худашон сатҳи маъруфияташонро миёни мардум поин бурда истодаанд ва аз ин дидгоҳ ба онҳо набояд халал расонд", - бовар дорад Пашинян.
Ёдовар мешавем, ки мухолифони Арманистон чанд ҳафта боз дар пойтахт бо талаби истеъфои сарвазири феълӣ Никол Пашинян тазоҳурот баргузор мекунанд.
Эътирозгарон бар ин боваранд, ки сиёсати мақомот кишварро ба аз даст додани Артсах ва хатми давлатдории Арманистон мебарад. Мухолифин аз 25 апрел ба ин сӯ тазоҳуроти густурда баргузор мекунанд.