https://sputnik.tj/20220525/obchakon-hamduna-ama-rasid-1048698835.html
Обчакони ҳамдуна ба ИМА ҳам расид
Обчакони ҳамдуна ба ИМА ҳам расид
Sputnik Тоҷикистон
Дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, аллакай 130 ҳолати гирифторӣ ба Обчакони ҳамдуна ошкор шудааст
2022-05-25T16:00+0500
2022-05-25T16:00+0500
2022-05-25T20:46+0500
тандурустӣ
ғарб
ама
ваксина
вируси нав
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044935687_0:245:3207:2048_1920x0_80_0_0_54bdca235c71d6e9558acf4f7ba9847b.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Вазорати тандурустии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар бораи нахустин мавриди гирифторӣ ба обчакони ҳамдуна дар ин кишвар хабар дод, иттилоъ медиҳад "РИА Новости". Қаблан мақомоти Чехия дар бораи аввалин ҳолатҳои сироятёбӣ хабар дода буданд. Дар робита ба афзоиши шумораи беморон дар як қатор кишварҳои Аврупо карантини 21-рӯза ҷорӣ карда мешавад. Чунин тадбирҳоро Вазорати тандурустии Олмон аллакай ҷорӣ кардааст. То кунун шаш ҳолат дар ин кишвар тасдиқ шудааст, ки нисфи онҳо дар Берлин сабт шудаанд."Имрӯз мо дар якҷоягӣ бо мақомоти иёлоти федералӣ тавсияҳои Институти Роберт Кохро амалӣ кардем, ки қисми марказии он аст, ки мубталоён бояд ҳадди аққал 21 рӯз ҷудо карда шаванд", - гуфт вазири тандурустии Олмон Карл Лаутербах. Мақомоти Белгия инчунин карантини ҳатмии сеҳафтаиро барои беморон ҷорӣ карданд. Дар кишвар 4 мавриди гирифторӣ ба обчакони ҳамдуна ба қайд гирифта шуда, чанд далели дигар тафтиш мешавад. Тибқи маълумоти охирини Созмони ҷаҳонии беҳдошт, аллакай дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон 130 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ошкор шудааст.Дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишвраҳои Осиёи марказӣ то кунун ягон ҳоати гирифорӣ ба ин вируси нав ба қайд гирифта нгушадаст.сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин беморӣ нав набуда, онро бо забони тоҷикӣ обчакони ҳамдуна меноманд.Табибони тоҷик вазъияти ҷаҳонро бодиққат назорат карда, масъаларо меомӯзанд ва Тоҷикистон дар ин росто вобаста ба вазъи эпидемиологӣ амал хоҳанд кард.Бемории обчакони ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.СҶБ: Cурхакони маймун миёни одамон дар авҷ астСҶБ то кунун 131 ҳолати бемории обчакони ҳамдунаро дар лабораторияҳо тасдиқ кардааст.Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.
https://sputnik.tj/20220524/tojikiston-yagon-obchakon-handuma-1048678421.html
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044935687_95:0:2826:2048_1920x0_80_0_0_8301723b9d289265f9db03d36725976b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарб, карантин, сурхакони маймун, обчакон, тандурустӣ, сҷб
ғарб, карантин, сурхакони маймун, обчакон, тандурустӣ, сҷб
Обчакони ҳамдуна ба ИМА ҳам расид
16:00 25.05.2022 (Навсозишуда: 20:46 25.05.2022) Дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аллакай 130 ҳолати гирифторӣ ба обчакони ҳамдуна ошкор шудааст
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Вазорати тандурустии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар бораи нахустин мавриди гирифторӣ ба обчакони ҳамдуна дар ин кишвар хабар дод, иттилоъ медиҳад "РИА Новости".
"Дар як зани 29-сола, ки аз Африқои Ғарбӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ омадааст, гирифтори бемории обчакони ҳамдуна будааст, вай таҳти назорати пизишкон қарор дорад ва кумаки зарурӣ мегирад", - гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати тандурустии ин кишвар.
Қаблан мақомоти Чехия дар бораи аввалин ҳолатҳои сироятёбӣ хабар дода буданд. Дар робита ба афзоиши шумораи беморон дар як қатор кишварҳои Аврупо карантини 21-рӯза ҷорӣ карда мешавад.
Чунин тадбирҳоро Вазорати тандурустии Олмон аллакай ҷорӣ кардааст. То кунун шаш ҳолат дар ин кишвар тасдиқ шудааст, ки нисфи онҳо дар Берлин сабт шудаанд.
"Имрӯз мо дар якҷоягӣ бо мақомоти иёлоти федералӣ тавсияҳои Институти Роберт Кохро амалӣ кардем, ки қисми марказии он аст, ки мубталоён бояд ҳадди аққал 21 рӯз ҷудо карда шаванд", - гуфт вазири тандурустии Олмон Карл Лаутербах.
Мақомоти Белгия инчунин карантини ҳатмии сеҳафтаиро барои беморон ҷорӣ карданд.
Дар кишвар 4 мавриди гирифторӣ ба обчакони ҳамдуна ба қайд гирифта шуда, чанд далели дигар тафтиш мешавад.
Тибқи маълумоти охирини Созмони ҷаҳонии беҳдошт, аллакай дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон 130 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ошкор шудааст.
Дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишвраҳои Осиёи марказӣ то кунун ягон ҳоати гирифорӣ ба ин вируси нав ба қайд гирифта нгушадаст.
сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин беморӣ нав набуда, онро бо забони тоҷикӣ обчакони ҳамдуна меноманд.
Табибони тоҷик вазъияти ҷаҳонро бодиққат назорат карда, масъаларо меомӯзанд ва Тоҷикистон дар ин росто вобаста ба вазъи эпидемиологӣ амал хоҳанд кард.
Бемории обчакони ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.
Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
СҶБ то кунун 131 ҳолати бемории обчакони ҳамдунаро дар лабораторияҳо тасдиқ кардааст.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.