Дар Душанбе хатсайри нави автобусҳо роҳандозӣ мешавад

© SputnikОбщественный транспорт в Душанбе
Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Сокинони Душанбе сар аз 23 май аз автобусҳои нави мусофирбарии шаҳрӣ истифода хоҳанд кард. Хатсайр рақами 27-ро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон хатсайри нави автобусҳо ба кор шуруъ мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар додааст.
Мусофирон метавонанд аз хидматрасонии автобусҳо дар ин хатсайр аз 23 май истифода кунанд, ки он рақами 27-ро гирифтааст.
Он истгоҳҳои "Коллеҷи тиббӣ" ва "Терминали ҷанубӣ"-ро ба ҳам пайваста дар кӯчаву хиёбонҳои Истиқлол-2, Машъал, А.Қаҳҳоров, А.Ҷомӣ, Н.Қарабоев, А.Фирдавсӣ, Қосимов, Ҷанубӣ, шоҳроҳи Душанбе — Бохтар то Терминали ҷанубӣ ҳаракат менамоянд.
Сокинони шаҳр барои сафар бо автобусҳои замонавй таъмин карда мешаванд.
Шумо метавонед пули роҳкироро тавассути корти нақлиётӣ пардохт кунед.
Общественный транспорт в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон се хатсайри нави автобус роҳандозӣ карданд
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Душанбе аз 1 март шеваи ҳаракати як қатор хатсайрҳои автобусҳо тағйир ёфтааст.
Сабаби тасҳеҳи хатсайрҳо ташкили дастрасии нақлиёти ҷамъиятӣ ба маркази савдои "Кӯшониён" гуфта мешуд.
Маврид ба зирк аст, дар оғози моҳи апрел низ шаҳрдорӣ аз оғози ҳаракати автобуси №15 хабар дода буд, ки он аз маҳаллаи 103-юм то шаҳраки 192-193-и маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ҳаракат хоҳад кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки хатсайри мазкур мутобиқи хатти сайри микроавтобуси №15-и пешин хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0