https://sputnik.tj/20220201/chand-foiz-peshgui-havoshinoson-tojik-durust-1045388399.html
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гузориш дод, ки чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони кишвар дар соли 2021 дуруст баромаданд
2022-02-01T16:40+0500
2022-02-01T16:40+0500
2022-02-18T19:13+0500
дар тоҷикистон
пешгӯӣ
кумитаи ҳифзи муҳити зист
дурустии хабарҳо
об
ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/11/1043598679_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_b7814a12ee0f501700a626446f91e1f1.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Обуҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 ҳудуди 365 пешгӯии якшабонарӯзиро таҳия карданд, ки 91%-и онҳо дуруст баромад, хабар дод Кумитаи ҳифзи муҳити зист. Ба иттилои манбаъ, тайи соли гузашта 244 пешгӯӣ то 5-шабонарӯзӣ омода гардиданд, нишондоди дурустии онҳо 895 будааст. Кумита таъкид намуд, ки сатҳи дурустии пешгӯиҳои ҳавошиносони кишвар дар соли 2021 дар муқоиса бо соли пешӣ 2% афзудааст. Ин ниҳод афзуд, ки дар ҷумҳурӣ ҳамчунин 899 зуҳуроти хавфноки обуҳавосанҷӣ ба қайд гирифта шуд, ки 709 адади онҳо пешгӯӣ гардидаанд. Дурустии пешгӯии зуҳуроти хавфнок 69,3% арзёбӣ гардид, ки нисбат ба нишондоди соли пешӣ 1,3% зиёд мебошад. Маврид ба зикр аст, ки ба иттилои расмӣ, дар шуъбаи пешгӯии обуҳаво 56 нуқтаи бодуҳовасанҷӣ ва 29 нуқтаи худкор мавҷуд аст, ки ҳар рӯз вазъи обуҳаво, ҳарорати ҳаво, боришот, самту суръати шамол, чангу ғубор, тормеғ ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.Дар маҷмуъ ҳоло дар ҷумҳурӣ 54 шабакаи давлатии обуҳавосанҷӣ, 96 дидбонгоҳи обченкунӣ, 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво дар шаҳрҳои калон ва саноатии ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/11/1043598679_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b39427575f93b2b3632f7c9840f5b266.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фоиз, кумита, ҳифз, пешгӯӣ, ҳавошиносон, тоҷик
фоиз, кумита, ҳифз, пешгӯӣ, ҳавошиносон, тоҷик
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
16:40 01.02.2022 (Навсозишуда: 19:13 18.02.2022) Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гузориш дод, ки чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони кишвар дар соли 2021 дуруст баромад
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Обуҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 ҳудуди 365 пешгӯии якшабонарӯзиро таҳия карданд, ки 91%-и онҳо дуруст баромад, хабар дод Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Ба иттилои манбаъ, тайи соли гузашта 244 пешгӯӣ то 5-шабонарӯзӣ омода гардиданд, нишондоди дурустии онҳо 895 будааст. Кумита таъкид намуд, ки сатҳи дурустии пешгӯиҳои ҳавошиносони кишвар дар соли 2021 дар муқоиса бо соли пешӣ 2% афзудааст.
Ин ниҳод афзуд, ки дар ҷумҳурӣ ҳамчунин 899 зуҳуроти хавфноки обуҳавосанҷӣ ба қайд гирифта шуд, ки 709 адади онҳо пешгӯӣ гардидаанд. Дурустии пешгӯии зуҳуроти хавфнок 69,3% арзёбӣ гардид, ки нисбат ба нишондоди соли пешӣ 1,3% зиёд мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ба иттилои расмӣ, дар шуъбаи пешгӯии обуҳаво 56 нуқтаи бодуҳовасанҷӣ ва 29 нуқтаи худкор мавҷуд аст, ки ҳар рӯз вазъи обуҳаво, ҳарорати ҳаво, боришот, самту суръати шамол, чангу ғубор, тормеғ ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Дар маҷмуъ ҳоло дар ҷумҳурӣ 54 шабакаи давлатии обуҳавосанҷӣ, 96 дидбонгоҳи обченкунӣ, 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво дар шаҳрҳои калон ва саноатии ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.