Қуръакашӣ. Тими ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳи "I" ворид шуд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкЖеребьевка второго раунда отборочного турнира чемпионата мира
Жеребьевка второго раунда отборочного турнира чемпионата мира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натиҷаи қуръакашӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавононро барои иштирок дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 эълон кард
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон - "U-20" дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "I" мусобиқа мекунад.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо такя ба натиҷаҳои қуръакашӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳарифони Тоҷикистон дар ин гурӯҳ дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур мебошанд. Бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи "I" аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.

"Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳҳо ҷойи дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон роҳ меёбанд", - омадааст дар иттилоия.
Бозиҳо барои дарёфти Ҷоми Осиё-2023 миёни тимҳои миллии ҷавонони кишварҳои минтақа дар риштаи футбол аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешаванд.
Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Душанбе мизбони бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мешавад
Ҳамин тариқ, бар асоси натиҷаи қуръакашӣ, гурӯҳи "А" Арабистони Саудӣ (мизбон), Чин, Мянмар, Малдив, Ӯзбекистон, гурӯҳи "В" Қатар, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Непал, Бута, гурӯҳи "C" Ҷопон, Яман, Фаластин, Лаос (мизбон), Гуам ва гурӯҳи "D" Урдун (мизбон), Тайбейи Чин, Сурия, Туркманистон, Ҷазираҳои Марианаи Шимолиро шомил мешавад.
Дар гурӯҳи "Е" Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Муғулистон (мизбон), Шри-Ланка, гурӯҳи "F" Индонезия (мизбон), Ветнам, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ, гурӯҳи "G" Тайланд, Уммон (мизбон), Филиппин, Афғонистон, гурӯҳи "H" Австралия, Ироқ (мизбон), Ҳиндустон, Кувейт, гурӯҳи "I" - Тоҷикистон, (мизбон), Камбоҷа, Лубнон, Сингапур ва дар гуруҳи "J" АМА, Эрон, Қирғизистон (мизбон) ва Бруней бозӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0