https://sputnik.tj/20220524/rusiya-sozishnoma-nafaqa-idm-bekor-1048679066.html
Русия созишномаи кафолати нафақа ба шаҳрвандони кишварҳои ИДМ-ро бекор кард
Русия созишномаи кафолати нафақа ба шаҳрвандони кишварҳои ИДМ-ро бекор кард
Sputnik Тоҷикистон
Думаи давлатии Русия созишнома дар мавриди кафолати нафақа барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро аз эътибор соқит кард
2022-05-24T18:30+0500
2022-05-24T18:30+0500
2022-05-24T19:45+0500
дар русия
нафақа
иҷтимоъ
думаи давлатӣ
созишнома
бекор кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103142/02/1031420263_0:121:1920:1201_1920x0_80_0_0_a7510e7372a17c058b2f52b23168742b.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Қонун дар бораи аз эътибор соқит кардани созишнома дар мавриди кафолати нафақа барои шаҳрвандони ИДМ аз 1 январи соли 2023 мавриди амал қарор мегирад. Дар ин бора РИА "Новости" хабар дода афзуд, дар тафсири қонун омадааст, созишнома, ки 30 сол қабл қабул шудааст, ҷавобгӯи талаботи замон нест. Дар тафсири қонун зикр шудааст, ки Созишномаи кафолати нафақа барои шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ аллакай хидматашро барои он шаҳрвандоне, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ кор карданд, ба анҷом расондааст. Зикр шудааст, ки бо гузашти 30 сол ва тағйири қонунгузориҳои марбути нафақа иҷрои комили созишномаи мазкур ғайриимкон мегардад.Созишнома дар мавриди кафолати нафақа, ки соли 1992 имзо шудааст, дар баробари Русия инчунин Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Турманистон, Ӯзбекистон ва Украинаро шомил мешавад.Мақомоти Русия далели дигари лағви созишномаро коҳиши сарборӣ ба буҷа арзёбӣ мекунанд."Ба далели афзоиши муҳоҷирон сарборӣ ба буҷаи Русия афзоиш ёфтааст, чун тибқи меъёрҳои ин созишнома, уҳдадориҳои молиявии давлате, ки нафақаи баландтар ва ё синни бознишастагии поинтарро дорад, зиёд мешавад", - тавзеҳ дода шудааст дар тарҳ. Муаллифон мегӯянд, баромадан аз ин созишнома имкон медиҳад, ки аз соли 2023 то 2025 ҳудуди 2,2 млрд рубли буҷа сарфа шавад.Таъкид шудааст, бознишастаҳое, ки то ҳол барояшон нафақа таъйин шудааст, ҳич тағйиротеро мушоҳида нахоҳанд кард.Барои бознишастаҳои оянда нафақа бар асоси тартиботи ҷадид пардохт мегардад. Аз ҷумла бо кишварҳои узви Иттиҳоди Авруосиё - Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон аллакай созишнома имзо шудаст. Бар асоси он, хароҷоти нафақа тақсим мешавад. Собиқаи кории шаҳрванд дар кишварҳои алоҳида ҳисоб мешаваду ҳар яке аз онҳо қисмати худро пардохт хоҳанд кард.Зикр шудааст, ки чунин созишнома бо Тоҷикистон низ аллакай имзо шудаасту бо Молдова ва Ӯзбекистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.Ин дар ҳолест, ки қаблан Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишнома бо Русия дар мавриди нафақаро ба тасвиб расонд. Тибқи ин созишнома, дар баробари ҳаққи муҳоҷирони тоҷик ба нафақа, инчунин шаҳрвандони Русия низ, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд ва суғуртаи иҷтимоӣ доранд, аз ҷониби Тоҷикистон ба онҳо нафақа пардохт мешавад.Илова бар ин агар шаҳрвандони Тоҷикистон қаблан дар Русия кор мекарданд, вале дар Ватан ба нафақа баромадаанд, собиқаи кори онҳо дар давлати Русия низ ба назар гирифта мешавад.
https://sputnik.tj/20220413/shart-nafaqa-muhojiron-tojik-1047615988.html
https://sputnik.tj/20220406/tedod-daqiq-nafaqakhuron-tojikiston-1047412524.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103142/02/1031420263_207:0:1920:1285_1920x0_80_0_0_920f319b697f5085d18d8710cb7c08cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созишнома, нафақа, шаҳрвандон, русия
созишнома, нафақа, шаҳрвандон, русия
Русия созишномаи кафолати нафақа ба шаҳрвандони кишварҳои ИДМ-ро бекор кард
18:30 24.05.2022 (Навсозишуда: 19:45 24.05.2022) Думаи давлатии Русия созишнома дар мавриди кафолати нафақа барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро аз эътибор соқит кард
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Қонун дар бораи аз эътибор соқит кардани созишнома дар мавриди кафолати нафақа барои шаҳрвандони ИДМ аз 1 январи соли 2023 мавриди амал қарор мегирад.
Дар ин бора РИА "Новости" хабар дода афзуд, дар тафсири қонун омадааст, созишнома, ки 30 сол қабл қабул шудааст, ҷавобгӯи талаботи замон нест.
Дар тафсири қонун зикр шудааст, ки Созишномаи кафолати нафақа барои шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ аллакай хидматашро барои он шаҳрвандоне, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ кор карданд, ба анҷом расондааст. Зикр шудааст, ки бо гузашти 30 сол ва тағйири қонунгузориҳои марбути нафақа иҷрои комили созишномаи мазкур ғайриимкон мегардад.
Созишнома дар мавриди кафолати нафақа, ки соли 1992 имзо шудааст, дар баробари Русия инчунин Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Турманистон, Ӯзбекистон ва Украинаро шомил мешавад.
Мақомоти Русия далели дигари лағви созишномаро коҳиши сарборӣ ба буҷа арзёбӣ мекунанд.
"Ба далели афзоиши муҳоҷирон сарборӣ ба буҷаи Русия афзоиш ёфтааст, чун тибқи меъёрҳои ин созишнома, уҳдадориҳои молиявии давлате, ки нафақаи баландтар ва ё синни бознишастагии поинтарро дорад, зиёд мешавад", - тавзеҳ дода шудааст дар тарҳ.
Муаллифон мегӯянд, баромадан аз ин созишнома имкон медиҳад, ки аз соли 2023 то 2025 ҳудуди 2,2 млрд рубли буҷа сарфа шавад.
Таъкид шудааст, бознишастаҳое, ки то ҳол барояшон нафақа таъйин шудааст, ҳич тағйиротеро мушоҳида нахоҳанд кард.
Барои бознишастаҳои оянда нафақа бар асоси тартиботи ҷадид пардохт мегардад. Аз ҷумла бо кишварҳои узви Иттиҳоди Авруосиё - Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон аллакай созишнома имзо шудаст. Бар асоси он, хароҷоти нафақа тақсим мешавад. Собиқаи кории шаҳрванд дар кишварҳои алоҳида ҳисоб мешаваду ҳар яке аз онҳо қисмати худро пардохт хоҳанд кард.
Зикр шудааст, ки чунин созишнома бо Тоҷикистон низ аллакай имзо шудаасту бо Молдова ва Ӯзбекистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишнома бо Русия дар мавриди нафақаро ба тасвиб расонд. Тибқи ин созишнома, дар баробари ҳаққи муҳоҷирони тоҷик ба нафақа, инчунин шаҳрвандони Русия низ, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд ва суғуртаи иҷтимоӣ доранд, аз ҷониби Тоҷикистон ба онҳо нафақа пардохт мешавад.
Илова бар ин агар шаҳрвандони Тоҷикистон қаблан дар Русия кор мекарданд, вале дар Ватан ба нафақа баромадаанд, собиқаи кори онҳо дар давлати Русия низ ба назар гирифта мешавад.