https://sputnik.tj/20220413/shart-nafaqa-muhojiron-tojik-1047615988.html
Шарти пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷик гуфта шуд
Шарти пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷик гуфта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатӣ созишнома дар мавриди пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷикро ба тасвиб расонид
2022-04-13T17:46+0500
2022-04-13T17:46+0500
2022-04-13T18:10+0500
дар тоҷикистон
дар русия
иқтисод
нафақа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/14/1030941438_0:56:3000:1744_1920x0_80_0_0_01ea40ba4aaee2f3a50895f241645e69.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, метавонанд аз фонди Русия нафақа гиранд. Барои ин онҳо бояд расман бо кор таъмин бошанд ва ба фонди нафақаи Русия пул гузоранд. Ба гуфтаи Дилмурод Давлатзода, раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, созишномаи ба порлумон пешниҳодшуда аз ҷониби Русия ҳанӯз солҳои 2014-2015 таҳия шуда буд ва пеш аз тасдиқ шудани он на як бору ду бор муҳокима шуд.Тибқи ин созишнома, шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар Тоҷикистон низ кор мекунанд ва суғуртаи иҷтимоӣ доранд, аз ҷониби Тоҷикистон ба онҳо нафақа пардохт мешавад.Илова бар ин агар шаҳрвандони Тоҷикистон қаблан дар Русия кор мекарданд, вале дар Ватан ба нафақа баромадаанд, собиқаи кори онҳо дар давлати Русия ба назар гирифта мешавад. "Дар ин сурат коргарон метавонанд дар ду кишвар - дар Тоҷикистон ва Русия ба нафақа бароянд. Ҳамзамон онҳо нафақаи мувофиқи собиқаи корашон дар ҳар як кишварро алоҳида мегиранд", - гуфтанд дар баррасии созишнома.Масъалаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷик аз рӯи собиқаи корӣ дар Федератсияи Русия яке аз масъалаҳои умдаи Тоҷикистону Русия буд. Дар ин бора зиёда аз як сол боз дар идораҳои дахлдори ҳар ду давлат баҳсҳо сурат мегирифтанд.
https://sputnik.tj/20220325/rusiya-sozishnomai-kafolat-nafaqa-idm-1047060503.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/14/1030941438_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_06ff504aada5a38c6430988117d8baab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия тоҷикистон нафақа
Шарти пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷик гуфта шуд
17:46 13.04.2022 (Навсозишуда: 18:10 13.04.2022) Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатӣ созишнома дар мавриди пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷикро ба тасвиб расонд
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, метавонанд аз фонди Русия нафақа гиранд. Барои ин онҳо бояд расман бо кор таъмин бошанд ва ба фонди нафақаи Русия пул гузоранд.
Ба гуфтаи Дилмурод Давлатзода, раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, созишномаи ба порлумон пешниҳодшуда аз ҷониби Русия ҳанӯз солҳои 2014-2015 таҳия шуда буд ва пеш аз тасдиқ шудани он на як бору ду бор муҳокима шуд.
"Дар ин муддат 7 даври музокирот миёни мақомоти ду кишвар баргузор шуд ва дар ниҳоят моҳи сентябри соли гузашта ин раванд ба анҷом расид", - гуфт Давлатзода.
Тибқи ин созишнома, шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар Тоҷикистон низ кор мекунанд ва суғуртаи иҷтимоӣ доранд, аз ҷониби Тоҷикистон ба онҳо нафақа пардохт мешавад.
Илова бар ин агар шаҳрвандони Тоҷикистон қаблан дар Русия кор мекарданд, вале дар Ватан ба нафақа баромадаанд, собиқаи кори онҳо дар давлати Русия ба назар гирифта мешавад.
"Дар ин сурат коргарон метавонанд дар ду кишвар - дар Тоҷикистон ва Русия ба нафақа бароянд. Ҳамзамон онҳо нафақаи мувофиқи собиқаи корашон дар ҳар як кишварро алоҳида мегиранд", - гуфтанд дар баррасии созишнома.
Масъалаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷик аз рӯи собиқаи корӣ дар Федератсияи Русия яке аз масъалаҳои умдаи Тоҷикистону Русия буд. Дар ин бора зиёда аз як сол боз дар идораҳои дахлдори ҳар ду давлат баҳсҳо сурат мегирифтанд.