https://sputnik.tj/20220524/musodira-nobud-mavod-ghizo-sughd-1048674697.html
Бесифат ва зараровар: мусодираву нобудсозии даҳҳо кило маводи ғизоӣ дар Суғд
Бесифат ва зараровар: мусодираву нобудсозии даҳҳо кило маводи ғизоӣ дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Даҳҳо кило маводи ғизоии пастсифат ва кӯҳнашуда аз мағозаву фурӯшгоҳҳои Суғд мусодира шуда, дар партовгоҳ гуронида шудааст
2022-05-24T17:50+0500
2022-05-24T17:50+0500
2022-05-24T19:48+0500
дар тоҷикистон
суғд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033069297_400:0:3600:1800_1920x0_80_0_0_9dcea0ff339a862c3cb8a61a2c4f8818.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Масъулони идораи беҳдоштии Суғд, молу маҳсулоти мусодирашударо бесифату кӯҳна дониста, истифодаи онро барои саломатӣ хатарнок эълон карданд.Камол Зоидбоев, мудири шуъбаи гигенаи хӯрока Маркази назорати санитарию эпидемилогии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, таҳқиқу ташхиси беш аз 300 кило маҳсулоти мусодирашуда маълум намудааст, ки онҳо ба меъёрҳои беҳдоштӣ мувофиқат намекунанд.Бино ба гуфтаи ӯ, аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз беш аз 2,5 тонна маводи ғизоӣ ва шустушӯии бесифат, муҳлати истифодаашон гузашта мусодира ва дар партовгоҳ сӯзонида шудааст. Ҳаҷми маводи нобудшуда беш аз 50 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад. Камол Зоидбоев аз харидорон даъват намуд, ки дар вақти харидани маҳсулот ба муҳлати истеъмоли он назар кунанд.Инчунин вай ба ширкатҳои воридкунандаи маҳсулот ва фурӯшандаҳо низ ишора намуда гуфт, ки ҷиҳати ҳифзи саломатии сокинон андеша кунанд ва аз ворид намудани ҳар гуна маҳсулоти пастсифат ва фурӯши он худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20220427/bozor-sughd-mahsulot-khatarnok-1048014527.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/19/1033069297_800:0:3200:1800_1920x0_80_0_0_91b6023cc0bb8c8ee4109584674eee72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд хӯроки пастсифат мусодира
суғд хӯроки пастсифат мусодира
Бесифат ва зараровар: мусодираву нобудсозии даҳҳо кило маводи ғизоӣ дар Суғд
17:50 24.05.2022 (Навсозишуда: 19:48 24.05.2022) Даҳҳо кило маводи ғизоии пастсифат ва куҳна аз мағозаву фурӯшгоҳҳои Суғд мусодира шуда, дар партовгоҳ гӯронида шудааст
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Масъулони идораи беҳдоштии Суғд, молу маҳсулоти мусодирашударо бесифату кӯҳна дониста, истифодаи онро барои саломатӣ хатарнок эълон карданд.
Камол Зоидбоев, мудири шуъбаи гигенаи хӯрока Маркази назорати санитарию эпидемилогии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, таҳқиқу ташхиси беш аз 300 кило маҳсулоти мусодирашуда маълум намудааст, ки онҳо ба меъёрҳои беҳдоштӣ мувофиқат намекунанд.
"Молу маҳсулотҳои ғизоӣ асосан шириниҳо буданд, ки кӯҳна шуда буданд. Онҳо аз сӯйи мақомоти назоратӣ аз фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳии Суғд мусодира гардида, бинобар ҳамин сабаб дирӯз дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд сӯзонида шуданд”, - гуфт Зоидбоев.
Бино ба гуфтаи ӯ, аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз беш аз 2,5 тонна маводи ғизоӣ ва шустушӯии бесифат, муҳлати истифодаашон гузашта мусодира ва дар партовгоҳ сӯзонида шудааст. Ҳаҷми маводи нобудшуда беш аз 50 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Камол Зоидбоев аз харидорон даъват намуд, ки дар вақти харидани маҳсулот ба муҳлати истеъмоли он назар кунанд.
Инчунин вай ба ширкатҳои воридкунандаи маҳсулот ва фурӯшандаҳо низ ишора намуда гуфт, ки ҷиҳати ҳифзи саломатии сокинон андеша кунанд ва аз ворид намудани ҳар гуна маҳсулоти пастсифат ва фурӯши он худдорӣ намоянд.