https://sputnik.tj/20220427/bozor-sughd-mahsulot-khatarnok-1048014527.html
Талаби қатъии Усмонова аз роҳбарони бозорҳои Суғд: Маҳсулоти хатарнокро савдо накунед
Талаби қатъии Усмонова аз роҳбарони бозорҳои Суғд: Маҳсулоти хатарнокро савдо накунед
Sputnik Тоҷикистон
Директори Маркази назорати давлатии санитарии вилояти Суғд, талаб кард, ки ҳангоми интиқоли маҳсулоти ғизоӣ аз нақлиёти махсуси санитарӣ истифода кунанд
2022-04-27T19:50+0500
2022-04-27T19:50+0500
2022-04-27T20:25+0500
суғд
бозор
савдо
тандурустӣ
санитарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048014381_0:24:449:277_1920x0_80_0_0_88f023e7484bb343a3356ee604a9b822.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Мудири Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Таҳмина Усмонова бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои бузурги савдо мулоқот кард.Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.Мақсад аз баргузории ин мулоқот ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ гуфта шудааст.Таҳмина Усмонова гуфт, дар Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти хӯроквории тезвайроншаванда, хӯришҳои консервашудаи дар шароити хонагӣ, истеҳсол ва фурӯши яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ омодашуда манъ мебошад.Ӯ афзуд, бархе аз ин маҳсулот аз ҷониби соҳибкорон бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарии маҳсулот ва нишондодҳои реквизитӣ ба савдо пешниҳод мегардад.Мавсуф аз мавҷуд набудани шароити шустушӯ ва безараргардонии зарфҳои истфодашуда, набудани шароити нигоҳдорӣ ва воситаҳои техникӣ, бевосита дар зери нури офтоб ҷой доштани онҳо ва риоя накардани талаботи одитарини санитарию гигиенӣ изҳори нигаронӣ кард.Мудири Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар ин росто ҳушдор дод, ки чунин шароити нигаҳдории маҳулот эҳтимоли пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемориҳои шадиди меъдаю рӯда, заҳролудшавӣ ва бемориҳои сироятии оммавии бо ғизо ва ба об алоқамандро дар байни аҳолии вилоят зиёд мегардонанд.Дар ин росто мақомдор ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ дод.Усмонова гуфт, ҳангоми интиқоли чунин маҳсулот аз нақлиёти махсус, ки дорои шаҳодатномаи санитарӣ мебошанд, истифода намоянд.
https://sputnik.tj/20220322/parlumon-rahmon-doru-ghizo-pastsifat-1046982773.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048014381_25:0:425:300_1920x0_80_0_0_23ab4574fdd3963ba5415baef525105e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, савдо, раҳбарони бозорҳо,
суғд, савдо, раҳбарони бозорҳо,
Талаби қатъии Усмонова аз роҳбарони бозорҳои Суғд: Маҳсулоти хатарнокро савдо накунед
19:50 27.04.2022 (Навсозишуда: 20:25 27.04.2022) Директори Маркази назорати давлатии санитарии вилояти Суғд талаб кард, ки ҳангоми интиқоли маҳсулоти ғизоӣ аз нақлиёти махсуси санитарӣ истифода шавад
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Мудири Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Таҳмина Усмонова бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои бузурги савдо мулоқот кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Мақсад аз баргузории ин мулоқот ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ гуфта шудааст.
Таҳмина Усмонова гуфт, дар Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти хӯроквории тезвайроншаванда, хӯришҳои консервашудаи дар шароити хонагӣ, истеҳсол ва фурӯши яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ омодашуда манъ мебошад.
Ӯ афзуд, бархе аз ин маҳсулот аз ҷониби соҳибкорон бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарии маҳсулот ва нишондодҳои реквизитӣ ба савдо пешниҳод мегардад.
Мавсуф аз мавҷуд набудани шароити шустушӯ ва безараргардонии зарфҳои истфодашуда, набудани шароити нигоҳдорӣ ва воситаҳои техникӣ, бевосита дар зери нури офтоб ҷой доштани онҳо ва риоя накардани талаботи одитарини санитарию гигиенӣ изҳори нигаронӣ кард.
Мудири Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар ин росто ҳушдор дод, ки чунин шароити нигаҳдории маҳулот эҳтимоли пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемориҳои шадиди меъдаю рӯда, заҳролудшавӣ ва бемориҳои сироятии оммавии бо ғизо ва ба об алоқамандро дар байни аҳолии вилоят зиёд мегардонанд.
Дар ин росто мақомдор ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ дод.
"Таҳмина Усмонова аз роҳбарони бозорҳо ва марказҳои савдои хӯрокворӣ қатъиян талаб намуд, ки зимни фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ба талаботи санитарию гигиенӣ риоя намуда, шароити нигоҳдории онҳоро тибқи муқаррарот ба роҳ монанд", - омадааст дар хабар.
Усмонова гуфт, ҳангоми интиқоли чунин маҳсулот аз нақлиёти махсус, ки дорои шаҳодатномаи санитарӣ мебошанд, истифода намоянд.