https://sputnik.tj/20220524/muhojirat-pulaki-tojikiston-kanada-1048663500.html
Фиребкорӣ дар ташкили муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Канада
Фиребкорӣ дар ташкили муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Канада
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аъмоли сокини ҷавони кишварро таҳқиқ мекунанд, ки ба ивази маблағи калон фиристодани шаҳрвандон ба Канадаро ваъда медодаст
2022-05-24T11:31+0500
2022-05-24T11:31+0500
2022-05-24T13:26+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
фиреб
вкд
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868614_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_a29bf136725b511027a364eecd34c1b3.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Марди 35-сола аз Душанбе ба идораи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат карда, аз фиребкории як ҳамшаҳри 30-солааш шикоят кардаст. Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки сокини 30-солаи шаҳри Душанбе ба бовараш даромада, дар чанд марҳила аз ӯ 18 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифтаст. Таъкид шудаст, муттаҳам ба ивази ин маблағ ваъда додааст, ки ҷабрдидаро бо оилааш ба давлати Канада мефиристад. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон азм доранд, муҳоҷирати гуногунсамта, аз ҷумла ба кишварҳои гуногуни арабӣ, осиёӣ ва ғарбиро роҳандозӣ намоянд. Феълан кишвари қабулкунандаи асосии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон Русия мебошад. Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, иттилоъ дод Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ."Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - афзуд ӯ.Аз шумораи умумии муҳоҷирон 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дигар дар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, изҳор дошт Каримзода.
https://sputnik.tj/20220522/maqomot-tojikiston-bekoron-shughl-afzoish-1048624847.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868614_79:0:2810:2048_1920x0_80_0_0_51cd77f3f3e36092a7da256a9c89b580.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қаллобӣ, ташкил, муҳоҷират, тоҷикистон, канада
қаллобӣ, ташкил, муҳоҷират, тоҷикистон, канада
Фиребкорӣ дар ташкили муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Канада
11:31 24.05.2022 (Навсозишуда: 13:26 24.05.2022) Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аъмоли як шаҳрванди ҷавони кишварро таҳқиқ мекунанд, ки ба ивази маблағ фиристодани шаҳрвандон ба Канадаро ваъда медодааст
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Марди 35-сола аз Душанбе ба идораи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат карда, аз фиребкории як ҳамшаҳри 30-солааш шикоят кардаст.
Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки сокини 30-солаи шаҳри Душанбе ба бовараш даромада, дар чанд марҳила аз ӯ 18 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифтаст.
Таъкид шудаст, муттаҳам ба ивази ин маблағ ваъда додааст, ки ҷабрдидаро бо оилааш ба давлати Канада мефиристад.
"Аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон азм доранд, муҳоҷирати гуногунсамта, аз ҷумла ба кишварҳои гуногуни арабӣ, осиёӣ ва ғарбиро роҳандозӣ намоянд. Феълан кишвари қабулкунандаи асосии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон Русия мебошад.
Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, иттилоъ дод Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.
"Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - афзуд ӯ.
Аз шумораи умумии муҳоҷирон 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дигар дар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, изҳор дошт Каримзода.