https://sputnik.tj/20220522/maqomot-tojikiston-bekoron-shughl-afzoish-1048624847.html
Мақомоти Тоҷикистон: таъмини бекорон бо шуғл афзоиш ёфтааст
Мақомоти Тоҷикистон: таъмини бекорон бо шуғл афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, сатҳи таъминоти бекорон дар ҷумҳурӣ бо ҷои кор дар семоҳаи аввали соли равон афзоиш ёфт
2022-05-22T11:40+0500
2022-05-22T11:40+0500
2022-05-23T18:02+0500
дар тоҷикистон
бекорӣ
иҷтимоъ
таъмин ба ҷои кор
вазорати меҳнат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1e/1043840663_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_5a0f4f7d6fe0ad552078cf25d8986e6a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 21 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, иттилоъ дод Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.Ӯ дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум" гуфт, таъминот бо ҷойи кор аз аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,6% афзоиш ёфтааст. Вай афзуд, ки аз ҷумла тайи се моҳи соли равон 19 ҳазору 943 нафар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар бо кор таъмин карда шуданд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта 141,8 ҳазор корҷӯ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Расман 58,9 ҳазор нафар дар соли 2021 мақоми бекорро гирифтанд.Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ахиран гуфт дар маҷмуъ тайи соли гузашта 2 миллиону 480 ҳазор нафар дар иқтисодиёт фаъол буданд.Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расман 106,2 ҳазор нафар ҳамчун корҷӯй сабт шудаанд. Ин ниҳод мегӯяд, сатҳи нисбатан баланди бекорӣ дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 6% баробар буда, ин нишондод дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 2,9%, Хатлон - 2% ва дар Суғд - 1,9%-ро ташкил медиҳад.Дар мавриди кумакпулӣ дар давраи бекорӣ зикр гардид, ки соли 2021 ба 13 ҳазор нафар ҳудуди 7,5 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
https://sputnik.tj/20220508/vakil-duma-davlati-mahdud-khoriji-rusiya-1048299239.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1e/1043840663_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_1da467331c17f9b82a659c57343c19d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, таъмин, бекорон, шуғл, тоҷикистон
афзоиш, таъмин, бекорон, шуғл, тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон: таъмини бекорон бо шуғл афзоиш ёфтааст
11:40 22.05.2022 (Навсозишуда: 18:02 23.05.2022) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, сатҳи таъмини бекорон дар ҷумҳурӣ бо ҷойи кор дар семоҳаи аввали соли равон афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 21 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, иттилоъ дод Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.
Ӯ дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум" гуфт, таъминот бо ҷойи кор аз аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,6% афзоиш ёфтааст.
Вай афзуд, ки аз ҷумла тайи се моҳи соли равон 19 ҳазору 943 нафар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар бо кор таъмин карда шуданд.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта 141,8 ҳазор корҷӯ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Расман 58,9 ҳазор нафар дар соли 2021 мақоми бекорро гирифтанд.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ахиран гуфт дар маҷмуъ тайи соли гузашта 2 миллиону 480 ҳазор нафар дар иқтисодиёт фаъол буданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расман 106,2 ҳазор нафар ҳамчун корҷӯй сабт шудаанд. Ин ниҳод мегӯяд, сатҳи нисбатан баланди бекорӣ дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 6% баробар буда, ин нишондод дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 2,9%, Хатлон - 2% ва дар Суғд - 1,9%-ро ташкил медиҳад.
Дар мавриди кумакпулӣ дар давраи бекорӣ зикр гардид, ки соли 2021 ба 13 ҳазор нафар ҳудуди 7,5 миллион сомонӣ ҷудо гардид.