https://sputnik.tj/20220524/kosachyov-rusiya-idm-faoltar-1048683600.html
Рӯ ба ИДМ: Косачев хостори бозбинии сиёсати хориҷии Русия шуд
Рӯ ба ИДМ: Косачев хостори бозбинии сиёсати хориҷии Русия шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар шароити феълӣ хостори бозбинии сиёсати хориҷии кишвар шуда, изҳор дошт, ки бояд ба кадом давлатҳо таваҷҷуҳ кард
2022-05-24T19:50+0500
2022-05-24T19:50+0500
2022-05-24T20:09+0500
дар русия
сиёсат
хориҷа
идм
шӯрои федератсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102087/34/1020873474_0:0:3026:1702_1920x0_80_0_0_3fb1aa970dabbf1d28978dc0818033d6.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Русияро зарур аст, ки сиёсати хориҷияшро таҳлил кунаду ба кишварҳои шӯравии собиқ, ба минтақаҳое рӯй орад, ки он ҷо интизораш мебошанд. Ин нуқтаро Константин Косачев, ноиби раиси Шӯрои Федератсияи Русия зимни анҷумани гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" таҳти унвони "Маънии нав, воқеияти тоза" баён дошт. Вай таъкид намуд, ки Русия бояд дар қаламрави шӯравии собиқ, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бамаротиб фаъолтар шавад. Дар мавриди иқтисод узви парлумон муҳим хонд, ки бояд хулосаҳо бароварда шаванд, чун барномаи воридотивазкунанда пурра иҷро нашудааст ва зарур аст, ки "ба по хезем". "Дар масоили гуманитарӣ бояд дар мадди аввал нодир будани кишвари мо аз нуқтаи назари этникӣ, мазҳабӣ ва сохтори маъмурӣ гузошта шавад", - илова намуд ӯ. Косачев қаблан навишта буд, ки Русия мутваҷҷеҳ шуд, дар ҳоле ки посух ба суоле дар мавриди чигунагии ҷаҳону ҷойгоҳи ФР меҷуст. Вай таърихи ду даҳсолаи охирро марҳилаи дарки масъулияти Русия дар воқеияти ҷадид баъди таслими Аврупои Шарқӣ ва бархе кишварҳои шӯравии пешин пеши Ғарб хонд.
https://sputnik.tj/20220524/shoygu-gharb-ittihod-saad-1048676612.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102087/34/1020873474_295:0:3026:2048_1920x0_80_0_0_ec863f61ae636d6055015de9cb6c5d03.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
косачёв, хостор, бозбинӣ, сиёсат, хориҷӣ
косачёв, хостор, бозбинӣ, сиёсат, хориҷӣ
Рӯ ба ИДМ: Косачев хостори бозбинии сиёсати хориҷии Русия шуд
19:50 24.05.2022 (Навсозишуда: 20:09 24.05.2022) Ноиби раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар шароити феълӣ хостори бозбинии сиёсати хориҷии кишвар шуда изҳор дошт, ки бояд ба кадом давлатҳо таваҷҷуҳ кард
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Русияро зарур аст, ки сиёсати хориҷияшро таҳлил кунаду ба кишварҳои шӯравии собиқ, ба минтақаҳое рӯй орад, ки он ҷо интизораш мебошанд.
Ин нуқтаро Константин Косачев, ноиби раиси Шӯрои Федератсияи Русия зимни анҷумани гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" таҳти унвони "Маънии нав, воқеияти тоза" баён дошт.
"Мо зоҳиран маҷбурем, аз он Аврупои ягона, ки якҷоя сохтем, биравем ва ин тақсимот муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад", - изҳор дошт ин сиёсатмадор.
Вай таъкид намуд, ки Русия бояд дар қаламрави шӯравии собиқ, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бамаротиб фаъолтар шавад.
Дар мавриди иқтисод узви парлумон муҳим хонд, ки бояд хулосаҳо бароварда шаванд, чун барномаи воридотивазкунанда пурра иҷро нашудааст ва зарур аст, ки "ба по хезем".
"Дар масоили гуманитарӣ бояд дар мадди аввал нодир будани кишвари мо аз нуқтаи назари этникӣ, мазҳабӣ ва сохтори маъмурӣ гузошта шавад", - илова намуд ӯ.
Косачев қаблан навишта буд, ки Русия мутваҷҷеҳ шуд, дар ҳоле ки посух ба суоле дар мавриди чигунагии ҷаҳону ҷойгоҳи ФР меҷуст. Вай таърихи ду даҳсолаи охирро марҳилаи дарки масъулияти Русия дар воқеияти ҷадид баъди таслими Аврупои Шарқӣ ва бархе кишварҳои шӯравии пешин пеши Ғарб хонд.