https://sputnik.tj/20220524/shoygu-gharb-ittihod-saad-1048676612.html
Шойгу: Ғарб мехоҳад муносиботи давлатҳои СААД-ро халалдор кунад
Шойгу: Ғарб мехоҳад муносиботи давлатҳои СААД-ро халалдор кунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Русия гуфт, барои халалдор кардани муттаҳидӣ миёни кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз таҳдиду фишор истифода мешавад
2022-05-24T18:10+0500
2022-05-24T18:10+0500
2022-05-24T19:27+0500
дар русия
амният ва мудофиа
созишнома
саад
сергей шойгу
шералӣ мирзо
вазир
дифоъ
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042264612_0:0:3084:1736_1920x0_80_0_0_e4b074ec97eafe570f116c43926463a8.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия кишварҳои ғарбиро дар фишору таҳдид ба кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ муттаҳам кард. Ин нуқтаро Шойгу дар мулоқоти маҷозии вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД баён дошт. Дар ин мулоқот дар баробари вазирони дифои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ҳамчунин Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон низ иштирок дошт. Дар чунин шароит вазири дифои Русия гуфт, азми қотеъ доранд, ки муносибат дар доираи СААД-ро таҳким бахшанд. Ӯ такмили шеваи қабули қарорҳо дар шароити буҳронӣ ва ҳамоҳангию вокунишро дар чунин ҳолатҳо муҳим хонд.Вазири дифои Русия таъкид намуд, ин махсусан муҳим аст, дар шароите, ки кишварҳои ғарбӣ ҳадафмандона талоши вайрон кардани муносиботи миёни кишварҳои СААД-ро доранд. Вай ваъда дод, ки Русия ба муттаҳидонаш дар баробари хатарҳо ва ҳифзи истиқлол кумак мекунад. Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СААД аз тариқи видеоконфронс баргузор мешавад. Кори ҷаласаро вазири мудофиаи Арманистон Сурен Папикян роҳбарӣ кард. Дар ин ҳамоиш ҳамчунин дабири кулли СААД Станислав Зас ва сардори Ситоди муштараки созмон, генерал-полковник Анатолий Сидоров иштирок доштанд. Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Беларус низ ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон аз имзои он худдорӣ намуданд.Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдили он ба як созмони байналмилалии минтақаӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.
https://sputnik.tj/20220516/putin-tamrin-nizomi-tojikiston-1048492751.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042264612_336:0:3067:2048_1920x0_80_0_0_5ceaa9fb1c38814862d2712459363f68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳдид, фишор, ғарб,
Шойгу: Ғарб мехоҳад муносиботи давлатҳои СААД-ро халалдор кунад
18:10 24.05.2022 (Навсозишуда: 19:27 24.05.2022) Вазири мудофиаи Русия гуфт, барои халалдор кардани муттаҳидӣ миёни кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз таҳдиду фишор истифода мешавад
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия кишварҳои ғарбиро дар фишору таҳдид ба кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ муттаҳам кард.
Ин нуқтаро Шойгу дар мулоқоти маҷозии вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД баён дошт. Дар ин мулоқот дар баробари вазирони дифои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ҳамчунин Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон низ иштирок дошт.
Дар чунин шароит вазири дифои Русия гуфт, азми қотеъ доранд, ки муносибат дар доираи СААД-ро таҳким бахшанд. Ӯ такмили шеваи қабули қарорҳо дар шароити буҳронӣ ва ҳамоҳангию вокунишро дар чунин ҳолатҳо муҳим хонд.
Вазири дифои Русия таъкид намуд, ин махсусан муҳим аст, дар шароите, ки кишварҳои ғарбӣ ҳадафмандона талоши вайрон кардани муносиботи миёни кишварҳои СААД-ро доранд.
"Медонем, чӣ гуна фишор ба иттифоқчиёни мо оварда мешавад. Таҳдиди ошкору иғво ба кор бурда мешавад. Ҳамаи ин муттаҳидии бештару ҳамоҳангиро аз мо талаб мекунад", - афзуд вазир.
Вай ваъда дод, ки Русия ба муттаҳидонаш дар баробари хатарҳо ва ҳифзи истиқлол кумак мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СААД аз тариқи видеоконфронс баргузор мешавад. Кори ҷаласаро вазири мудофиаи Арманистон Сурен Папикян роҳбарӣ кард. Дар ин ҳамоиш ҳамчунин дабири кулли СААД Станислав Зас ва сардори Ситоди муштараки созмон, генерал-полковник Анатолий Сидоров иштирок доштанд.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Беларус низ ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон аз имзои он худдорӣ намуданд.
Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдили он ба як созмони байналмилалии минтақаӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.