https://sputnik.tj/20220524/ismoiliyon-tojikiston-ruzi-didor-1048669482.html
Исмоилиёни Тоҷикистон 27-умин солгарди Рӯзи дидорро ҷашн мегиранд
Исмоилиёни Тоҷикистон 27-умин солгарди Рӯзи дидорро ҷашн мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоъилиён 24-уми майро ҳамчун Рӯзи Нур ё Дидор ҷашн мегиранд
2022-05-24T14:35+0500
2022-05-24T14:35+0500
2022-05-24T16:23+0500
рӯзи "нур"
дар тоҷикистон
вмкб
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102606/45/1026064562_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_6f68ef73bb0280b164ab519db33db9c4.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Пайравони мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистон, ки шуморашон бештар аз 200 ҳазор кас арзёбӣ мегардад, имрӯз 27-умин солгарди нахустин дидор бо шоҳзода Карим Оқохонро ҷашн мегиранд.Шоҳзода Карим Алҳусайнӣ, ки дар замони шуравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Рӯзи нур ё дидор ҷашн мегиранд.Аввалин дидори имом дар чор минтақаи Бадахшон - Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Мурғоб сурат гирифт. Пайравони зиёди Оқохони IV ӯро ботантана пешвоз гирифтанд ва қариб тамоми мардуми минтақа дар мулоқоташ иштирок доштанд.Дар ҷашни дидор маъмулан дар сатҳи маҳаллу хонаводаҳо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор мегарданд.Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камубеш 20 миллион кас аз мазҳаби исмоилия пайравӣ мекунад. Онҳо дар Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин ИМА, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ мекунанд.Яке аз бузургтарин ҷамоатҳои исмоилии ҷаҳон (камубеш 150 ҳазор нафар) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари Донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.
https://sputnik.tj/20220421/qoimdodov-bunyod-oqokhon-naqsha-tojikiston-1047845871.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102606/45/1026064562_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_8e296112c36f34ddbbd236db3cf9d63f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
исмоилиён, тоҷикистон, рӯзи дидор, 24 май
исмоилиён, тоҷикистон, рӯзи дидор, 24 май
Исмоилиёни Тоҷикистон 27-умин солгарди Рӯзи дидорро ҷашн мегиранд
14:35 24.05.2022 (Навсозишуда: 16:23 24.05.2022) Шоҳзода Карим Алҳусайнӣ нахустин бор аз Тоҷикистон дар соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоилиён 24-уми майро ҳамчун Рӯзи нур ё дидор ҷашн мегиранд
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Пайравони мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистон, ки шуморашон бештар аз 200 ҳазор кас арзёбӣ мегардад, имрӯз 27-умин солгарди нахустин дидор бо шоҳзода Карим Оқохонро ҷашн мегиранд.
Шоҳзода Карим Алҳусайнӣ, ки дар замони шуравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Рӯзи нур ё дидор ҷашн мегиранд.
Аввалин дидори имом дар чор минтақаи Бадахшон - Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Мурғоб сурат гирифт. Пайравони зиёди Оқохони IV ӯро ботантана пешвоз гирифтанд ва қариб тамоми мардуми минтақа дар мулоқоташ иштирок доштанд.
Дар ҷашни дидор маъмулан дар сатҳи маҳаллу хонаводаҳо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор мегарданд.
Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камубеш 20 миллион кас аз мазҳаби исмоилия пайравӣ мекунад. Онҳо дар Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин ИМА, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ мекунанд.
Яке аз бузургтарин ҷамоатҳои исмоилии ҷаҳон (камубеш 150 ҳазор нафар) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.
Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари Донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.