Бунёди Оқохон нақшаи кори даҳсолаашро таҳия дорад: раиси Суғд хостори сармоягузорӣ шуд

© Исполнительный органгосударственной власти Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода принял Постоянного представителя Организации Ага Хана по развитию в Таджикистане Козидавлата Коимдодова и сопровождающих его лиц
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода принял Постоянного представителя Организации Ага Хана по развитию в Таджикистане Козидавлата Коимдодова и сопровождающих его лиц - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд бо намояндаи доимии Бунёди Оқохон оид ба рушд дар Тоҷикистон масоили густариши ҳамкориро баррасӣ карда, нақшаҳои ташкилотро шунид
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҷалби Бунёди Оқохон ба рушди бахши саноат дар шимоли Тоҷикистонро ояндадор хонд.
Ба иттилои ҳукумати Суғд, Аҳмадзода дар мулоқот бо Қозидавлат Қоимдодов, намояндаи доимии Бунёди Оқохон тарҳҳоеро ба миён гузоштааст, ки ҷонибҳо метавонанд татбиқ кунанд.
"Ҷонибҳо метавонанд барои ташкили корхонаҳои коркарди меваву сабзавот, пӯст, пахта, воридсозии технологияҳои нави замонавӣ ва бунёди гармхонаҳои инноватсионӣ ҳамкориҳои густардаро ба роҳ монанд", - гуфт раиси Суғд.
Вай зикр намудааст, ки саноатикунонии босуръат ҳадафи миллӣ эълон шуда, ҷалби сармоя барои ташкили корхонаҳои хурду бузург ба манфиат мебошад.
Намояндаи Бунёди Оқохон иттилоъ дод, ки аз ҷониби ташкилот барномаи миёнамуҳлат барои даҳ сол таҳия мегардад ва вилояти Суғд низ метавонад номгӯи тарҳҳои муҳими иҷтимоиро барои дарёфти сармоягузорӣ пешниҳод намояд.
Аффинажная фабрика СП Зарафшон   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Раиси Суғд аз мудири "Зарафшон" хост, тавлиди тилою ҷои корро бештар кунад
Қоимдодов иттилоъ додааст, ки Бунёди Оқохон оид ба рушд дар Тоҷикистон дорои беш аз даҳ хадамоти гуногун аст ва дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тиббу маориф бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамкориҳои судманд дорад.
Аз ҷумла зикр гардидааст, ки ташкилот якҷо ба ниҳодҳои давлатии вилояти Суғд ҷиҳати таъмин намудани бархе минтақаҳо бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, пешниҳоди қарзҳои гуногун тавассути "Аввалин бонки молиявии хурд", ташкили курсҳои махсус барои забономӯзӣ саҳм гузошта истодааст.
"Ташкилоти Оқохон оид ба рушд дар Тоҷикистон инчунин тасмим дорад, ки дар вилоят гармхонаҳои гидропоникӣ бунёд намуда, ба ин васила дар таъмини амнияти озуқаворӣ низ кумак кунад", - афзуд Қоимдодов.
Дар навбати худ Раҷаббой Аҳмадзода аз нақши ташкилот дар рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини минтақаҳои гуногун бо оби полезиву нӯшокӣ ёдоварӣ кард ва барои идомабахшии чунин лоиҳаҳои судманд пешниҳодҳои худро ироа намуд.
Лентаи хабарҳо
0