https://sputnik.tj/20220524/davat-bahori-tojikiston-1048660676.html
Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон аз 90% гузашт: кӣ тамом карду кӣ монд?
Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон аз 90% гузашт: кӣ тамом карду кӣ монд?
Sputnik Тоҷикистон
Агар дар баъзе ноҳияҳо нақша пурра иҷро шуда бошад, дар дигар навоҳӣ нишондиҳанда ба 100 фоиз наздик аст, аммо барои поён дрдани чорабинӣ ҳамагӣ паҷ рӯзи дигар аст
2022-05-24T09:00+0500
2022-05-24T09:00+0500
2022-05-24T14:11+0500
дар тоҷикистон
даъват ба хидмат
қувваҳои мусаллаҳи ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048241775_0:362:2995:2047_1920x0_80_0_0_52b96388a113a39479647c25c120a095.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон раванди даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ ба хатти ниҳоияш наздик мешавад. Ба иттилои сардори маркази матбуотии Вазорати дифоъ Фаридун Маҳмадализода, нақшаи сарбозгирӣ 94% иҷро шудааст, навиштааст "Авеста". Дар баробари ин як қатор вилоятҳо уҳдадориҳои худро оид ба даъват ба хидмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро кардаанд. Инҳо Душанбе ва ВМКБ мебошанд. Дар вилояти Хатлон ин нишондод 94, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 93 ва дар вилояти Суғд 90 фоизро ташкил медиҳад.Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар аз 1 апрел оғоз шуда, ду моҳ, яъне то 31 май идома хоҳад кард. Дар давраи даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон як барномаи алтернативии хидмати пулакӣ низ ҷорӣ шудааст. Моҳи январи соли 2021 тағйироту иловаҳо ба қонун қабул карда шуд. Ҳоло ҳар як даъватшаванда метавонад 2 соли муқарраршуда дар артиш хидмат накунад ва танҳо бо пардохти 25,2 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 2,2 ҳазор доллар) ва як моҳ омӯзиши низомӣ соҳиби билети ҳарбӣ гардад.Сардори Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода гуфт, ки маблағҳои аз ин ҳисоб ҷамъгардида барои ниёзҳои артиши Тоҷикистон, аз ҷумла маводи ғизоӣ, либоси низомӣ ва сохтмон равона хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20220427/artishgurezon-tojikiston-intizor-posukh-huquqshinos-1048017350.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048241775_266:0:2995:2047_1920x0_80_0_0_a6e1f46388b852cabde25b00b01de13f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват баҳорӣ тоҷикистон артиш
даъват баҳорӣ тоҷикистон артиш
Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон аз 90% гузашт: кӣ тамом карду кӣ монд?
09:00 24.05.2022 (Навсозишуда: 14:11 24.05.2022) Агар дар баъзе ноҳияҳо нақша иҷро шуда бошад, дар дигар навоҳӣ ин нишондиҳанда ба 100 фоиз наздик аст, аммо барои поён додани чорабинӣ ҳамагӣ паҷ рӯзи дигар аст
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон раванди даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ ба хатти ниҳоияш наздик мешавад.
Ба иттилои сардори маркази матбуотии Вазорати дифоъ Фаридун Маҳмадализода, нақшаи сарбозгирӣ 94% иҷро шудааст, навиштааст "Авеста".
Дар баробари ин як қатор вилоятҳо уҳдадориҳои худро оид ба даъват ба хидмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро кардаанд.
Инҳо Душанбе ва ВМКБ мебошанд. Дар вилояти Хатлон ин нишондод 94, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 93 ва дар вилояти Суғд 90 фоизро ташкил медиҳад.
"То имрӯз ҳудуди 50 шаҳру навоҳии кишвар нақшаи сарбозгирӣ дар марҳилаи баҳорӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишварро иҷро карданд", - тавзеҳ дод Маҳмадализода.
Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар аз 1 апрел оғоз шуда, ду моҳ, яъне то 31 май идома хоҳад кард.
Дар давраи даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон як барномаи алтернативии хидмати пулакӣ низ ҷорӣ шудааст. Моҳи январи соли 2021 тағйироту иловаҳо ба қонун қабул карда шуд.
Ҳоло ҳар як даъватшаванда метавонад 2 соли муқарраршуда дар артиш хидмат накунад ва танҳо бо пардохти 25,2 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 2,2 ҳазор доллар) ва як моҳ омӯзиши низомӣ соҳиби билети ҳарбӣ гардад.
Сардори Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода гуфт, ки маблағҳои аз ин ҳисоб ҷамъгардида барои ниёзҳои артиши Тоҷикистон, аз ҷумла маводи ғизоӣ, либоси низомӣ ва сохтмон равона хоҳанд шуд.