https://sputnik.tj/20220524/anglo-saksonho-nobudsozi-hindu-yaroq-biologi-1048683875.html
Косачев: Англосаксонҳо барои нобудсозии ҳиндуҳо аз яроқи биологӣ истифода карданд
Косачев: Англосаксонҳо барои нобудсозии ҳиндуҳо аз яроқи биологӣ истифода карданд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия мегӯяд, англосаксонҳо зимни нобудсозии ҳиндуҳо силоҳи биологиро истифода кардаанд ва ин бузургтарин генотсид аст
2022-05-24T21:05+0500
2022-05-24T21:05+0500
2022-05-24T21:21+0500
сиёсат
ҳинду
нобудсозӣ
ҳамоиш
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048684149_0:194:3211:2000_1920x0_80_0_0_10fa6cf7398edb087fedd6524ffc72a0.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Англосаксонҳо ҳангоми наскушии ҳиндуҳо аз яроқи биологӣ истифода мекарданд ва бритониёиҳо ба онҳо кӯрпаҳои олудаи вабо доданд.Дар ин бора ноиби раиси Шӯрои Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи парламентии оид ба тафтиши фаъолияти озмоишгоҳҳои биологии ИМА дар Украина Константин Косачев гуфт.Ба гуфтаи ӯ, "англисҳо ба ҳиндуҳо кӯрпаҳои олуда ба ваборо додаанд". Сенатор қайд кард, ки дар асл ин "истифодаи яроқи биологӣ буд".Ҳамоиши байалмилалии "Маънии нав, воқеияти тоза" рӯзи 24 май дар Маскав бо иштироки намояндагони Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсия, блогнависону фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳамчунин роҳбарону хабарнигорони ВАО-и марказӣ баргузор гардид. Созмондиҳандаи форум медиа-гурӯҳи "Россия сегодня" мебошад. Мушкилоти шадидтарини замони мо, аз қабили мубориза бо миллатгароён, ҷангҳои иттилоотӣ, стандартҳои дугона дар заминаи ҳуқуқи инсон, ростиозмоӣ ва зарурати муқовимат бо таҳрифҳои таърихӣ аз мавзуъҳои аслии ин нишаст мебошанд. Дар доираи форум ҳамчунин дар маркази матбуотӣ намоишгоҳи аксҳои "Ҳаёти нав. Оғоз" кушода шуд. Он бар пояи аксҳои аксбардорони "Россия сегодня" дар бораи минтақаҳое, ки пас аз амалиёти вижаи Русия озод шудаанд, созмондеҳӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20220524/fadeev-konsepsiyai-huquq-bashar-sokinon-donbassro-himoya-1048683741.html
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048684149_222:0:2953:2048_1920x0_80_0_0_e8aba1b35ebcd39e332c3b21cb9cf18a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, бритониё, има, сиёсат
русия, бритониё, има, сиёсат
Косачев: Англосаксонҳо барои нобудсозии ҳиндуҳо аз яроқи биологӣ истифода карданд
21:05 24.05.2022 (Навсозишуда: 21:21 24.05.2022) Муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия мегӯяд, англосаксонҳо зимни нобудсозии ҳиндуҳо силоҳи биологӣ истифода кардаанд ва ин бузургтарин наслкушӣ буд
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Англосаксонҳо ҳангоми наскушии ҳиндуҳо аз яроқи биологӣ истифода мекарданд ва бритониёиҳо ба онҳо кӯрпаҳои олудаи вабо доданд.
Дар ин бора ноиби раиси Шӯрои Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи парламентии оид ба тафтиши фаъолияти озмоишгоҳҳои биологии ИМА дар Украина Константин Косачев гуфт.
"Бузургтарин наслкушӣ ҳангоми нобуд кардани 15 миллион ҳинду сурат гирифт", - гуфт сенатор дар ҳамоиши "Маънии нав, воқеияти тоза" дар хабаргузории "Россия сегодня".
Ба гуфтаи ӯ, "англисҳо ба ҳиндуҳо кӯрпаҳои олуда ба ваборо додаанд".
Сенатор қайд кард, ки дар асл ин "истифодаи яроқи биологӣ буд".
Ҳамоиши байалмилалии "Маънии нав, воқеияти тоза" рӯзи 24 май дар Маскав бо иштироки намояндагони Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсия, блогнависону фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳамчунин роҳбарону хабарнигорони ВАО-и марказӣ баргузор гардид.
Созмондиҳандаи форум медиа-гурӯҳи "Россия сегодня" мебошад.
Мушкилоти шадидтарини замони мо, аз қабили мубориза бо миллатгароён, ҷангҳои иттилоотӣ, стандартҳои дугона дар заминаи ҳуқуқи инсон, ростиозмоӣ ва зарурати муқовимат бо таҳрифҳои таърихӣ аз мавзуъҳои аслии ин нишаст мебошанд.
Дар доираи форум ҳамчунин дар маркази матбуотӣ намоишгоҳи аксҳои "Ҳаёти нав. Оғоз" кушода шуд. Он бар пояи аксҳои аксбардорони "Россия сегодня" дар бораи минтақаҳое, ки пас аз амалиёти вижаи Русия озод шудаанд, созмондеҳӣ шудааст.