Ҷудокорони тоҷик дар сабқати Ҷоми Осиё 2 медал гирифтанд

© пресс-служба Федерации дзюдо ТаджикистанаТаджикские дзюдоисты выиграли две медали на престижном турнире
Таджикские дзюдоисты выиграли две медали на престижном турнире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар шаҳри Алмаато 5 паҳлавони наврас ва 8 ҷудокори ҷавон намояндагӣ карданд, ки 11 нафарашон бе медал бармегарданд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. ҶудокорониТоҷикистон дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон соҳиби 2 медал гардиданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар сабқат барои Ҷоми Осиё, ки рӯзҳои 12-15 май баргузор шуд, паҳлавонҳои ҷавони тоҷик як медали тило ва як биринҷиро ба даст оварданд.
Аз миёни намояндагони Тоҷикистон Абубакр Шеров дар вазни то 66 кило ба гирифтани медали тило ва Парвиз Абдураҳмонов дар вазни то 100 кило ба гирифтани медали биринҷӣ муваффақ шуданд.
Аз паҳлавонҳои навраси Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё Фотимахон Гадоева (-52кг), Ҷасур Лутфишоев (-55кг), Худодод Шанбиев (-60кг), Ҷаъфари Ҷаъфар ва Мусо Саъдуллоев (ҳар ду -66кг) зӯрозмоӣ карданд, аммо ба гирифтани медал ноил нашуданд.
Сабқатҳо миёни ҷавонон бо иштироки 8 паҳлавон аз Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар ин феҳраст Саидашраф Лоиқов, Абуҳанифа Қурбонбозор, Абубакр Шеров (ҳар се -66кг), Ҳоҷибек Мухтодов (-73кг), Сунатулло Лоиқов, Мизробшо Лоиқов (ҳар ду -81кг), Муҳсин Малаев (-90кг) ва Парвиз Абдураҳмонов (-100кг) мебошанд.
Появилось видео лучших моментов UFC Vegas 54 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Нокаутҳои шадид ва зарбаҳои хуб: беҳтарин лаҳзаҳои мусобиқаи UFC - видео
Кумита тавзеҳ дод, ки Абубакр Шеров дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар ҷудокори мизбон Бекзод Каиргалиев дар даври сеюм бар варзишгари дигари мизбон Куралбек Саталиев пирӯз шуд.
"Дар даври чорякфинал Абубакр муқобили ҷудочии Ӯзбекистон Муҳриддин Ғиёсов қарор гирифта, пирӯз шуд. Сипас дар нимфинал бар Нурдавлат Базиржани қазоқ ва дар даври ниҳоӣ бар Азизбек Ортиқови узбекистонӣ дастболо шуд", - омадааст дар иттилоия.
Парвиз Абдураҳмонов, ки дар вазни то 100 кило зӯрозмоӣ намуд, дар даври якум Динассил Таттимбеки қазоқро шикаст дода, дар чорякфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Муҳаммадқодир Мансуров шикаст хӯрд. Сипас дар даври тассалобахш Темирлан Кайролда ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Габдулманап Ерассилро, ки ҳар ду намояндаи Қазоқистон буданд, шикаст дода, соҳоиби медали биринҷӣ шуданд.
Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон 473 варзишгар ширкат карданд.
Лентаи хабарҳо
0