https://sputnik.tj/20220523/pora-rais-maktab-mehrob--2016-ronanda-1048638874.html
"Пора ба раис”: чӣ гуна мактаби “Меҳроб-2016” ронанда тайёр мекунад?
"Пора ба раис”: чӣ гуна мактаби “Меҳроб-2016” ронанда тайёр мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Мудири ин мактаб барои додани ҳуҷҷати ронандагӣ ба корафтодаҳо беш аз 1000 сомонӣ талаб кардааст. Се сол қабл бунёдгузори ин мактаб низ дастгир шуда буд
2022-05-23T12:59+0500
2022-05-23T12:59+0500
2022-05-23T14:28+0500
оҷонсии зидди фасод
боздошт
гирифтани пора
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102365/98/1023659859_0:79:1920:1159_1920x0_80_0_0_39b3a533ff2080405add60a201a88d56.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти директори мактаби ронандагии “Меҳроб-2016” хабар медиҳад, ки дар фурӯши шаҳодатномаи ронандагӣ муттаҳам мешавад.Ба иттилои манбаъ, мудири мактаби мазкур бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ ба фурӯши ҳуҷҷати ронандагӣ даст задааст.Дар ин хусус нисбати Мирзоев М.Б. бо моддаи 295, қисми 1, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шуд.Ин ниҳод мегӯяд, нисбати дастгиршуда бо моддаи 295, қисми 1, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда ба боздоштшуда, аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.Ёдовар мешавем, ки оҷонсӣ соли 2016 Мирзоев Муродалӣ Бердиевич таъсисдиҳандаи ҶДММ “Меҳроб-2016”-ро дастгир када буд. Мақомот ӯро он замон дар чандин ҳолати гирифтани пора айбдор карда, алайҳаш бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ – қаллобӣ ва моддаи 279 – ришвагирии тиҷорӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буданд.Феълан назари худи айбдоршаванда ва қарори додгоҳ дар ин бора маълум нест. Ин дар ҳолест, низоми ронандатайёркунӣ дар Тоҷикистон аз бахшҳои фасодзада арзёбӣ мешавад, ки порахӯрӣ дар он ба таври густурда паҳн шудааст.
https://sputnik.tj/20220517/bozdosht-zamin-ojonsi-qallobi-1048504809.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102365/98/1023659859_136:0:1785:1237_1920x0_80_0_0_f66c6975424fd11f1e08e64cd0ac23ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ришвагирӣ мактаб ронандагӣ шаҳодатнома фурӯш
ришвагирӣ мактаб ронандагӣ шаҳодатнома фурӯш
"Пора ба раис”: чӣ гуна мактаби “Меҳроб-2016” ронанда тайёр мекунад?
12:59 23.05.2022 (Навсозишуда: 14:28 23.05.2022) Мудири ин мактаб барои додани ҳуҷҷати ронандагӣ ба корафтодаҳо беш аз 1000 сомонӣ талаб кардааст. Се сол қабл бунёдгузори ин мактаб низ дастгир шуда буд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти директори мактаби ронандагии “Меҳроб-2016” хабар медиҳад, ки дар фурӯши шаҳодатномаи ронандагӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, мудири мактаби мазкур бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ ба фурӯши ҳуҷҷати ронандагӣ даст задааст.
"Боздоштшуда бо суистифодаи ваколати идоравӣ бо мақсади ба даст овардани фоида ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо дар ду ҳолат маблағи 10 000 сомониро барои гувоҳномаи хатми курси таълимии ронандагӣ дараҷаи “В” талаб карда гирифтааст", - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.
Дар ин хусус нисбати Мирзоев М.Б. бо моддаи 295, қисми 1, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шуд.
Ин ниҳод мегӯяд, нисбати дастгиршуда бо моддаи 295, қисми 1, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда ба боздоштшуда, аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки оҷонсӣ соли 2016 Мирзоев Муродалӣ Бердиевич таъсисдиҳандаи ҶДММ “Меҳроб-2016”-ро дастгир када буд. Мақомот ӯро он замон дар чандин ҳолати гирифтани пора айбдор карда, алайҳаш бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ – қаллобӣ ва моддаи 279 – ришвагирии тиҷорӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буданд.
Феълан назари худи айбдоршаванда ва қарори додгоҳ дар ин бора маълум нест.
Ин дар ҳолест, низоми ронандатайёркунӣ дар Тоҷикистон аз бахшҳои фасодзада арзёбӣ мешавад, ки порахӯрӣ дар он ба таври густурда паҳн шудааст.