Ҷазои чиноие, ки коргаронро дар Айнӣ ба кор дар кони тафсон равон кард: як тан ҳалок шуд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкУрановая шахта, архивное фото
Урановая шахта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Обуна шудан
Як шаҳрванди Чин дар Тоҷикистон, ки бидуни риояи қоидаҳои техникӣ коргаронро ба кор дар конҳои тафсон равон кард ва дар пайи он як тан ҳалок шуд, ҷазо гирифт
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Айнӣ ба шаҳрванди 50-солаи Чин Гав Ан Фу, як сол ҳукми зиндон додааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Додситонии куллӣ Тоҷикистон, ӯ дар вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ, ки дар пайи он як тан ҳалок шуд, гунаҳгор дониста шуда, аммо шартан озод гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда ҳамчун сардори қитъа оид ба техникаи бехатарии ҶДММ “Кӯҳҳои тилои Тоҷикистону Хитой” дар ҷамоати деҳоти Анзоб, деҳаи Работ кор карда, даст ба ҷинояти вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ задааст.
Гуфта мешавад, дар пайи бепарвоии ӯ сокини маҳаллӣ Ҳасанов Ҷамшеди 38-сола, сокини деҳаи Марзичи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расидааст.
Россыпное золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Корхонаи нави тилобарорӣ дар Тоҷикистон фаъол шуд: Раҳмон хост, қоидаҳо риоя шаванд
Манбаъ мегӯяд, Ҳасанов бо дастурӣ Гав Ан Фу санаи 8 апрели соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 14-00 дақиқа барои иҷрои корҳои нақбканӣ ва насб намудани қубурҳои обгузару ҳаводиҳанда вориди нақб шуда ва ба болояш ҷинсҳои кӯҳӣ афтидаанд, ки дар натиҷа аз гармии ҷинсҳои кӯҳӣ дар ҷойи ҳодиса сӯхта, ба ҳалокат расидааст.
Тибқи хулосаи Хадамоти назорат дар соҳаи кӯҳканӣ, Гав Ан Фу бархилофи талаботи бандҳои 16, 24 ва 25-и “Қоидаҳои бехатарӣ дар шахтаҳои ангишт” амал намуда, ба кормандони нақбкан дар нақби ҳарораташ баланд дастури корӣ додааст.
Оиди ҳолати мазкур аз ҷонибӣ прокурори ноҳияи Айнии вилояти Суғд нисбати Гав Ан Фу бо моддаи 190, қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Додгоҳи ноҳияи Айнӣ шаҳрванди Чинро бо моддаи мазкур гунаҳгор дониста, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 (як) сол бо нигоҳ доштани ӯ дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сукунат таъйин карда шуд.
Аммо бо дастрасии моддаи 71-и КҶ Тоҷикистон шартан татбиқ накардани ҷазо ба муҳлати 1 сол муҳлати санҷишӣ нисбат ба гунаҳгор муқаррар карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0