https://sputnik.tj/20220507/gharq-najoti-kudaki-id-khf-1048277723.html
Ғарқу наҷоти се кӯдак аз як оила дар рӯзи ид: КҲФ гуфт, кӣ гунаҳгор
Ғарқу наҷоти се кӯдак аз як оила дар рӯзи ид: КҲФ гуфт, кӣ гунаҳгор
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон рӯзи Иди Рамазон се кӯдаки як хонаводаро аз об наҷот додаанд, ки ба гуфти мақомот дар пайи бепарвоии волидайн ин ҳодиса сар задааст
2022-05-07T15:25+0500
2022-05-07T15:25+0500
2022-05-07T20:00+0500
кҳф
дар тоҷикистон
ғарқшавӣ
наҷот
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/68/1029366809_0:9:1920:1089_1920x0_80_0_0_252b42b8bf5e2960e52c3425e1850ca6.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз як ҳодисаи шокикунанда хабар медиҳад, ки дар сурати набудани роҳгузаре як оиларо ба мотам менишонд.Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи Иди Рамазон 2 майи соли 2022 тахминан соатҳои 10:25 дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат шаҳри Левакант, се кӯдаки хурдсол дар канали обгузари назди деҳа ғарқ шудаанд.Қисми навбатдори ШКВД шаҳри Левакант бо дарёфти хабар ба кормандони КҲФ шузориш медишад.Ба иттилои манбаъ, духтаракон ҳама узви як оила буда, 3 – 7 сол доштанд ва ҳодиса дар пайи беназоратии волидонашон сар задааст.Гуфта мешавад, ин се нафар дар рӯзи ид хостанд аз канали деҳа убур кунанд, вале дар об сарозер шудаанд. Ашӯрмаҳмад раҳгузари тасодуфӣ буд, ки ин манзараро дида зуд худро ба об андохт ва онҳоро аз марг наҷот дод.Ин ниҳод мегӯяд, дар айни замон саломатии ду нафари онҳо хуб аст, аммо духтари сеюмро дар ҳоли вазнин дар бемористон бистарӣ карданд. Духтурон дар айни замон саломтии ӯро рӯ ба беҳбудӣ арзёбӣ мекунанд.Ёдовар мешавем ин нахустин ҳолат набуда, авохири моҳи қаблӣ низ КҲФ аз марги як кӯдак дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ хабар дода буд.Гуфта мешуд, ин ҳодисаи нохуш низ ба сабаби бепарвоии волидон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби кӯдаки ноболиғ рух додааст.
https://sputnik.tj/20220423/gharqshavi-kudak-noboligh-khatlon-1047890912.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/68/1029366809_85:0:1793:1281_1920x0_80_0_0_3c65de606a68169a19b75bba988be667.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарқ наҷоти кӯдак оила кҳф гуфт
ғарқ наҷоти кӯдак оила кҳф гуфт
Ғарқу наҷоти се кӯдак аз як оила дар рӯзи ид: КҲФ гуфт, кӣ гунаҳгор
15:25 07.05.2022 (Навсозишуда: 20:00 07.05.2022) Дар Тоҷикистон рӯзи Иди Рамазон се кӯдаки як хонаводаро аз об наҷот додаанд, ки ба гуфти мақомот дар пайи бепарвоии волидайн ин ҳодиса сар задааст
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз як ҳодисаи шокикунанда хабар медиҳад, ки дар сурати набудани роҳгузаре як оиларо ба мотам менишонд.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи Иди Рамазон 2 майи соли 2022 тахминан соатҳои 10:25 дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат шаҳри Левакант, се кӯдаки хурдсол дар канали обгузари назди деҳа ғарқ шудаанд.
Қисми навбатдори ШКВД шаҳри Левакант бо дарёфти хабар ба кормандони КҲФ шузориш медишад.
"Вақте дастаи наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, маълум шуд, ки Ашӯрмаҳмад Юсуфов, сокини ҳамин деҳа тифлакони ғарқшударо наҷот додааст", - афзудааст КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, духтаракон ҳама узви як оила буда, 3 – 7 сол доштанд ва ҳодиса дар пайи беназоратии волидонашон сар задааст.
Гуфта мешавад, ин се нафар дар рӯзи ид хостанд аз канали деҳа убур кунанд, вале дар об сарозер шудаанд. Ашӯрмаҳмад раҳгузари тасодуфӣ буд, ки ин манзараро дида зуд худро ба об андохт ва онҳоро аз марг наҷот дод.
Ин ниҳод мегӯяд, дар айни замон саломатии ду нафари онҳо хуб аст, аммо духтари сеюмро дар ҳоли вазнин дар бемористон бистарӣ карданд. Духтурон дар айни замон саломтии ӯро рӯ ба беҳбудӣ арзёбӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем ин нахустин ҳолат набуда, авохири моҳи қаблӣ низ КҲФ аз марги як кӯдак дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ хабар дода буд.
Гуфта мешуд, ин ҳодисаи нохуш низ ба сабаби бепарвоии волидон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби кӯдаки ноболиғ рух додааст.