https://sputnik.tj/20220523/dabir-sozmoni-hamkori-shonhoy-dushanbe-1048655195.html
Баҳси мубориза бо таҳдидҳо дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва дабири СҲШ
Баҳси мубориза бо таҳдидҳо дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва дабири СҲШ
Sputnik Тоҷикистон
Дабири нави Созмони ҳамкории Шонҳой, ки аз аввали соли равон ба фаъолият дар ин мақом оғоз кард, бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад
2022-05-23T20:10+0500
2022-05-23T20:10+0500
2022-05-23T20:35+0500
дар тоҷикистон
сҳш
интихоби дабири кулли сҳш
чин
сироҷиддин муҳриддин
вазорати умури хориҷии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048654152_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_f102bda30dbc07628d6311ad773b410f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Чжан Мин, дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Чжан Мин бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад. Манбаъ афзуд, ки зимни мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Махсусан таҳкими равобит дар заминаи муқовимат ба чолишу таҳдидҳо ва густариши равобити байналмилалии созмон таъкид гардидаст. Дар ин замина аҳамияти иқдомоти лозим ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон барои таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе зикр гардид.Муҳриддин ба дабири кулли навтаъйини СҲШ дар иҷрои рисолаташ комёбӣ таманно намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидати ҳамаҷониба дар ин ҷода зикр намуд.Маврид ба зикр аст, ки Чжан Мин ба фаъолият дар мақоми дабири СҲШ аз аввали соли равон оғоз карда, дар ин вазифа Владимир Норов, намояндаи Ӯзбекистонро иваз намуд. Мақомдорони СҲШ барои се сол таъйин мегарданд.СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гашт.
https://sputnik.tj/20220519/zas-spad-ba-tahkimi-hamkoriho-bo-shsh-umed-dorad-1048554180.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048654152_0:0:1124:843_1920x0_80_0_0_0180b426e9f8dff5a138e0964996fdf8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, сироҷиддин муҳриддин, дабир, сҳш
мулоқот, сироҷиддин муҳриддин, дабир, сҳш
Баҳси мубориза бо таҳдидҳо дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва дабири СҲШ
20:10 23.05.2022 (Навсозишуда: 20:35 23.05.2022) Дабири нави Созмони Ҳамкории Шонгҳой, ки аз аввали соли равон ба фаъолият дар ин мақом оғоз кард, бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Чжан Мин, дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Чжан Мин бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад.
Манбаъ афзуд, ки зимни мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Махсусан таҳкими равобит дар заминаи муқовимат ба чолишу таҳдидҳо ва густариши равобити байналмилалии созмон таъкид гардидаст.
"Ҷонибҳо доир ба фаъолияти муштараки давлатҳои "оилаи СҲШ" дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ табодули афкор намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Дар ин замина аҳамияти иқдомоти лозим ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон барои таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе зикр гардид.
Муҳриддин ба дабири кулли навтаъйини СҲШ дар иҷрои рисолаташ комёбӣ таманно намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидати ҳамаҷониба дар ин ҷода зикр намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Чжан Мин ба фаъолият дар мақоми дабири СҲШ аз аввали соли равон оғоз карда, дар ин вазифа Владимир Норов, намояндаи Ӯзбекистонро иваз намуд. Мақомдорони СҲШ барои се сол таъйин мегарданд.
СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гашт.