https://sputnik.tj/20220522/roh-dushanbe-chanok-basta-1048626267.html
Роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан баста аст
Роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан баста аст
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор дода буд, ки аз 21 то 23 ҳаво дар Тоҷикистон номусоид шуда, борони шадид, жола, раъду барқ ва тӯфони чангу ғубор ба амал меояд 22.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-22T12:46+0500
2022-05-22T12:46+0500
2022-05-23T17:04+0500
дар тоҷикистон
роҳ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/07/1045553809_0:317:720:722_1920x0_80_0_0_45fe06738d378c83dfc67581e841eef0.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ҳаракати ҳама намуди нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан қатъ шудааст. Дар ин бора дар дафтари матбуотии филиали ширкати IRS, ки ба ин ҷода хидмат мерасонад, хабар доданд.Маҳдудияти ҳаракати нақлиёт бо омадани сел ва рехтани сангрезӣ алоқаманд аст. Пештар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд боридани борони шадид ва раъду барқ дар назар аст. Ин ниҳод боришоти жоларо низ пешгӯӣ карда буд.Манбаъ афзуд, дар вилояти Хатлон тӯфони ғуборолуд идома дорад. Суръати шамол дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мерасад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои нимаабрӣ дар назар аст, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат, шабона дар шарқи ин вилоят каме барф меборад.Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки то 23 май хатари фаромадани сел, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор, аз ҷумла Яхсу, Қизилсу (ҷануб), Вахш, Зарафшон ва Исфара ҷорӣ мешаванд, дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220520/ojonsii-havoshinosi-boron-radu-barq-bod-hushdor-1048597335.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/07/1045553809_0:249:720:789_1920x0_80_0_0_4292a1216fed5b5235437bcffc8d3e98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, роҳ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, роҳ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан баста аст
12:46 22.05.2022 (Навсозишуда: 17:04 23.05.2022) Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор дода буд, ки аз 21 то 23 ҳаво дар Тоҷикистон номусоид шуда, борони шадид, жола, раъду барқ ва тӯфони чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ҳаракати ҳама намуди нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан қатъ шудааст.
Дар ин бора дар дафтари матбуотии филиали ширкати IRS, ки ба ин ҷода хидмат мерасонад, хабар доданд.
Маҳдудияти ҳаракати нақлиёт бо омадани сел ва рехтани сангрезӣ алоқаманд аст.
Пештар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд боридани борони шадид ва раъду барқ дар назар аст. Ин ниҳод боришоти жоларо низ пешгӯӣ карда буд.
Манбаъ афзуд, дар вилояти Хатлон тӯфони ғуборолуд идома дорад. Суръати шамол дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мерасад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои нимаабрӣ дар назар аст, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат, шабона дар шарқи ин вилоят каме барф меборад.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки то 23 май хатари фаромадани сел, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор, аз ҷумла Яхсу, Қизилсу (ҷануб), Вахш, Зарафшон ва Исфара ҷорӣ мешаванд, дар назар аст.