https://sputnik.tj/20220520/ojonsii-havoshinosi-boron-radu-barq-bod-hushdor-1048597335.html
Оҷонсии ҳавошиносӣ аз боди шадид, борону жола ва раъду барқ ҳушдор медиҳад
Оҷонсии ҳавошиносӣ аз боди шадид, борону жола ва раъду барқ ҳушдор медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол дар як сония то 17-22 метр хоҳад расид. Ҳамчунин вилояти Хатлонро туфони чангу ғубор фаро мегирад 20.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-20T16:20+0500
2022-05-20T16:20+0500
2022-05-20T19:31+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
агентии ҳавосанҷӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102234/97/1022349798_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_65bc9ed88f45bf3804c0a6aca84844c8.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ба Тоҷикистон ҳавои номусоиди боронӣ бармегардад, мегӯяд Оҷонсии ҳавошиносии кишвар.Ин ниҳод дар рӯзҳои наздик боришоти шадиди борон, раъду барқ, жола, вазиши боди сахт ва ҳамчунин тӯфони чангу ғуборро пешгӯӣ мекунад.Гуфта мешавад, рӯзҳои 22 ва 23 май шабона дар ҷумҳурӣ ҳаво номӯътадил шуда, борони сел меборад.Вазъи ҳаво дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияиҳои тобеи марказ якбора бад шуда, боронгариҳои зиёд, жола ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад.Оҷонсӣ меазояд, бинобар боронгариҳои зиёд баланд шудани сатҳи рӯдҳои Яхсу, Қизилсу, Вахшу Зарафшон ва Исфара дар назар аст. Илова бар ин, дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол дар як сония ба 17 - 22 метр мерасад.Ҳамчунин, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ва меғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ то 10-12 дараҷа паст мешавад.дар ҳамин ҳол, оҷонсӣ мегӯяд аз 21 то 23 май дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, минтақаҳои Суғду Хатлон хатари селфароӣ мавҷуд аст.Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 19 майбар асари шамоли сахт дар шаҳри Душанбе чаппашавии дарахтон ва болопӯши иншооту манзилҳои истиқоматӣ сурат гирифт. Дар натиҷа 8 нақлиёти сокинон қисман зарар диданд.
https://sputnik.tj/20220520/khf-seli-sughd-1048593310.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102234/97/1022349798_244:0:2975:2048_1920x0_80_0_0_252d92a271a07cb3ed55115c52b0c129.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, обу ҳаво, агентии ҳавосанҷӣ, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, обу ҳаво, агентии ҳавосанҷӣ, иҷтимоъ
Оҷонсии ҳавошиносӣ аз боди шадид, борону жола ва раъду барқ ҳушдор медиҳад
16:20 20.05.2022 (Навсозишуда: 19:31 20.05.2022) Дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол дар як сония то 17-22 метр хоҳад расид. Ҳамчунин вилояти Хатлонро туфони чангу ғубор фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ба Тоҷикистон ҳавои номусоиди боронӣ бармегардад, мегӯяд Оҷонсии ҳавошиносии кишвар.
Ин ниҳод дар рӯзҳои наздик боришоти шадиди борон, раъду барқ, жола, вазиши боди сахт ва ҳамчунин тӯфони чангу ғуборро пешгӯӣ мекунад.
Гуфта мешавад, рӯзҳои 22 ва 23 май шабона дар ҷумҳурӣ ҳаво номӯътадил шуда, борони сел меборад.
Вазъи ҳаво дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияиҳои тобеи марказ якбора бад шуда, боронгариҳои зиёд, жола ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Оҷонсӣ меазояд, бинобар боронгариҳои зиёд баланд шудани сатҳи рӯдҳои Яхсу, Қизилсу, Вахшу Зарафшон ва Исфара дар назар аст. Илова бар ин, дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол дар як сония ба 17 - 22 метр мерасад.
Ҳамчунин, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ва меғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ то 10-12 дараҷа паст мешавад.
дар ҳамин ҳол, оҷонсӣ мегӯяд аз 21 то 23 май дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, минтақаҳои Суғду Хатлон хатари селфароӣ мавҷуд аст.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 19 майбар асари шамоли сахт дар шаҳри Душанбе чаппашавии дарахтон ва болопӯши иншооту манзилҳои истиқоматӣ сурат гирифт. Дар натиҷа 8 нақлиёти сокинон қисман зарар диданд.