https://sputnik.tj/20220522/mariupol-jangjuyon-azov-khonaho-sokinon-suzondand-1048634907.html
Дар Мариупол ҷангҷӯёни "Азов"* хонаҳоро ҳамроҳ бо сокинон сӯзонданд
Дар Мариупол ҷангҷӯёни "Азов"* хонаҳоро ҳамроҳ бо сокинон сӯзонданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҷангҷӯён иншооту хонаҳоро оташ заданд. Дар аксари хонаҳо одамон қарор доштанд 22.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-22T21:00+0500
2022-05-22T21:00+0500
2022-05-23T15:45+0500
украина
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048252337_0:157:3072:1885_1920x0_80_0_0_dc15935fc23cd836ffad8c6da6f9aa8f.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ҷангҷӯёни миллатгаро аз полки "Азов" (дар Русия алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст), ки пештар аз шаҳр ба сӯи заводи "Азовстал" ақибнишинӣ карданд, хонаҳоро бо соҳибонаш сӯзонданд. Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба муовини фармондеҳи взводи муҳандисии ҶМД хабар дод."Ҳангоми баромадан аз маҳаллаҳои ҳамшафати корхона, маҳаллаҳои истиқоматӣ, ҷангиёни Гвардияи миллӣ, аз ҷумла, ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҷангиёни полки "Азов", биноҳои ҳамшафатро сӯзонданд, манзилҳоро оташ заданд, аксар вақт сокинон дар хона, то ки аз паси худ ҳудудҳои пок намонанд, ки дар он имкони мавқеъ пайдо кардани Қувваҳои Мусаллаҳи мо вуҷуд дошта бошад", - гуфт манбаъ.Ба гуфтаи ӯ, ҳоло сокинони маҳаллӣ ба хонаҳояшон бармегарданд ва хешовандони мурдаи худро пайдо мекунанд.Аз соли 2014 Мариупол бо вуҷуди эълони ҶМД таҳти назорати Киев қарор дорад: нерӯҳои амниятии Украина дар набардҳо назоратро дубора ба даст оварданд.Дар моҳи марти соли ҷорӣ, пас аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, муовини фармондеҳи баталёни "Восток" Александр Семёнов эълон кард, ки шаҳрро муҳосира кардаанд. Ба дунбол, вазорати дифоъ хабар дод, ки ҷангҷӯён аз ҳудуди корхонаи металлургии "Азовстал" таҳти назорати пурраи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия қарор гирифт. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ин ниҳод, аз 16 май то кунун 2 ҳазору 439 нафар миллатгароёни полки Азов ва низомиёни украинӣ силоҳҳои худро ба замин гузошта, таслим шудаанд, ки ҳудуди як моҳ дар қаламрави ин корхона муҳосира шуда буданд.* Ҷангиёни "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
https://sputnik.tj/20220522/naqb-azovstal-ukraini-1048632107.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048252337_229:0:2960:2048_1920x0_80_0_0_f96d47048a54603f68322a2d58c999a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амният ва мудофиа
украина, амният ва мудофиа
Дар Мариупол ҷангҷӯёни "Азов"* хонаҳоро ҳамроҳ бо сокинон сӯзонданд
21:00 22.05.2022 (Навсозишуда: 15:45 23.05.2022) Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҷангҷӯён иншооту хонаҳоро оташ заданд. Дар аксари хонаҳо одамон қарор доштанд
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ҷангҷӯёни миллатгаро аз полки "Азов" (дар Русия алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст), ки пештар аз шаҳр ба сӯи заводи "Азовстал" ақибнишинӣ карданд, хонаҳоро бо соҳибонаш сӯзонданд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба муовини фармондеҳи взводи муҳандисии ҶМД хабар дод.
"Ҳангоми баромадан аз маҳаллаҳои ҳамшафати корхона, маҳаллаҳои истиқоматӣ, ҷангиёни Гвардияи миллӣ, аз ҷумла, ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҷангиёни полки "Азов", биноҳои ҳамшафатро сӯзонданд, манзилҳоро оташ заданд, аксар вақт сокинон дар хона, то ки аз паси худ ҳудудҳои пок намонанд, ки дар он имкони мавқеъ пайдо кардани Қувваҳои Мусаллаҳи мо вуҷуд дошта бошад", - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло сокинони маҳаллӣ ба хонаҳояшон бармегарданд ва хешовандони мурдаи худро пайдо мекунанд.
Аз соли 2014 Мариупол бо вуҷуди эълони ҶМД таҳти назорати Киев қарор дорад: нерӯҳои амниятии Украина дар набардҳо назоратро дубора ба даст оварданд.
Дар моҳи марти соли ҷорӣ, пас аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, муовини фармондеҳи баталёни "Восток" Александр Семёнов эълон кард, ки шаҳрро муҳосира кардаанд. Ба дунбол, вазорати дифоъ хабар дод, ки ҷангҷӯён аз ҳудуди корхонаи металлургии "Азовстал" таҳти назорати пурраи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия қарор гирифт.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ин ниҳод, аз 16 май то кунун 2 ҳазору 439 нафар миллатгароёни полки Азов ва низомиёни украинӣ силоҳҳои худро ба замин гузошта, таслим шудаанд, ки ҳудуди як моҳ дар қаламрави ин корхона муҳосира шуда буданд.
* Ҷангиёни "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.