https://sputnik.tj/20220522/naqb-azovstal-ukraini-1048632107.html
Нақби "Азовстал", ки нерӯҳои украинӣ аз он хориҷу таслим шуданд - видео
Нақби "Азовстал", ки нерӯҳои украинӣ аз он хориҷу таслим шуданд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Нахустин наворҳо аз даромадгоҳи нақбе дар корхонаи "Азовстал"-и шаҳри Мариупол, ки ҷангиёни украинӣ аз он ҷо баромада, таслим шуданд
2022-05-22T18:21+0500
2022-05-22T18:21+0500
2023-10-02T17:11+0500
видео
баталони "азов"
таслим
мариупол
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/16/1048632135_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_1b6a31bcef403f3dfa9c126b33cf93aa.jpg
Нақберо, ки ҷангиёни украинӣ аз он баромада таслим шуданд, хабарнигори РИА "Новости" ба навор гирифтааст. Хабарнигор ҳамроҳи низомиёни баталиони "Восток"-и артиши Ҷумҳурии Халқии Донетск вориди он шудааст. Дар навор ҳамчунин домҳо аз аз норинҷакҳо намоиш дода шудаанд. Даромадан ба дохил феълан манъ аст, чун корҳои ҷустуҷӯӣ ва безараргардонии маводи тарканда дар дохили нақбҳои корхона идома дорад. Ахиран намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков гуфт, корхонаи "Азовстал" дар Мариупол аз дасти ҷангҷӯёни украинӣ пурра озод карда шуд.Намояндаи Қрим: Украина дар шакли пешинааш боқӣ намемонадВазири дифои Русия Сергей Шойгу ба президенти кишвар Владимир Путин дар бораи озод кардани пурраи Мариупол ҳисобот дод. Таъкид шудааст, ки иншооти зеризаминии корхона таҳти назорати нерӯҳои Русия қарор гирифт.Манбаъ афзуд, аз 16 май инҷониб дар ҷараёни амалиёт тақрибан 2,5 ҳазор нафар миллатгароёни "Азов"* ва нерӯҳои украинӣ, ки дар қаламрави корхона муҳосира карда шуданд, аслиҳаи худро ба замин гузошта, таслим шуданд.Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.* Ҷангиёни "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
мариупол
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Тоннель на "Азовстали", откуда выходили сдаваться украинские боевики
Sputnik Тоҷикистон
РИА Новости сняло тоннель "Азовстали", откуда выходили сдаваться украинские боевики. Это первые кадры входа после завершения их сдачи в плен.
2022-05-22T18:21+0500
true
PT0M58S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/16/1048632135_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_b2121d022979673d41a55d4bbdbcb28f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навор, нақб, азовстал, нерӯ, украина
навор, нақб, азовстал, нерӯ, украина
Нақби "Азовстал", ки нерӯҳои украинӣ аз он хориҷу таслим шуданд - видео
18:21 22.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Нахустин видеоҳо аз даромадгоҳи нақбе дар корхонаи "Азовстал"-и шаҳри Мариупол, ки ҷангиёни украинӣ аз он ҷо баромада, таслим шуданд, мунташир шуданд
Нақберо, ки ҷангиёни украинӣ аз он баромада таслим шуданд, хабарнигори РИА "Новости" ба навор гирифтааст. Хабарнигор ҳамроҳи низомиёни баталиони "Восток"-и артиши Ҷумҳурии Халқии Донетск вориди он шудааст.
Дар навор ҳамчунин домҳо аз аз норинҷакҳо намоиш дода шудаанд. Даромадан ба дохил феълан манъ аст, чун корҳои ҷустуҷӯӣ ва безараргардонии маводи тарканда дар дохили нақбҳои корхона идома дорад.
Ахиран намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков гуфт, корхонаи "Азовстал" дар Мариупол аз дасти ҷангҷӯёни украинӣ пурра озод карда шуд.
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба президенти кишвар Владимир Путин дар бораи озод кардани пурраи Мариупол ҳисобот дод.
Таъкид шудааст, ки иншооти зеризаминии корхона таҳти назорати нерӯҳои Русия қарор гирифт.Манбаъ афзуд, аз 16 май инҷониб дар ҷараёни амалиёт тақрибан 2,5 ҳазор нафар миллатгароёни "Азов"* ва нерӯҳои украинӣ, ки дар қаламрави корхона муҳосира карда шуданд, аслиҳаи худро ба замин гузошта, таслим шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
* Ҷангиёни "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.