https://sputnik.tj/20220517/vkd-girdihamoi-khorugh-1048504844.html
Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ куштаю захмӣ бар ҷой гузошт: шарҳи ВКД
Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ куштаю захмӣ бар ҷой гузошт: шарҳи ВКД
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гирдиҳамоӣ дар Хоруғро шарҳ дода аз кушта шудани як тан ва ҷароҳат бардоштани чанд нафари дигар гуфт
2022-05-17T12:40+0500
2022-05-17T12:40+0500
2022-05-17T13:10+0500
хоруғ
вмкб
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102797/63/1027976313_0:257:2731:1793_1920x0_80_0_0_de5aa56d88d5516d69a83687645c3111.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар пайи тазоҳурот дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як тан ҳалок ва се нафари дигар захмӣ шудааст.Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки 16-уми май, соати 18.30 дақиқа дар маҳаллаи Хоруғи Болои шаҳри Хоруғ гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил шудааст.Бино ба гузориши ВКД, соатҳои 20.40-и 16 май, ба хидматчиёни РВКД дар ВМКБ, ки дар бинои суди вилоят қарор доштаанд, ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, норинҷаки дастӣ тарконида шудааст.Дар натиҷаи ин амалҳо се корманди мақомоти қудратӣ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.Манбаъ афзуда, ки дар рафти амалётҳо маводи махсуси зиддигирдиҳамоӣ истифода карда шуд.Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, барои муайян кардани дигар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.Таъйини намояндаи нави ҳукумати Тоҷикистон дар ХоруғНисбати саркардагони ин ҳодиса аз тарафи прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
https://sputnik.tj/20220515/amriddin-alovatshoev-borai-hukmi-dodgoh-1048459949.html
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102797/63/1027976313_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_831cc96a08fb5f7c8239ab95cc4a015f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хоруғ, тоҷикистон, гирдиҳамоӣ, вкд
хоруғ, тоҷикистон, гирдиҳамоӣ, вкд
Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ куштаю захмӣ бар ҷой гузошт: шарҳи ВКД
12:40 17.05.2022 (Навсозишуда: 13:10 17.05.2022) Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гирдиҳамоӣ дар Хоруғро шарҳ дода, аз кушта шудани як тан ва ҷароҳат бардоштани чанд нафари дигар гуфт
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар пайи тазоҳурот дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як тан ҳалок ва се нафари дигар захмӣ шудааст.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки 16-уми май, соати 18.30 дақиқа дар маҳаллаи Хоруғи Болои шаҳри Хоруғ гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил шудааст.
Бино ба гузориши ВКД, соатҳои 20.40-и 16 май, ба хидматчиёни РВКД дар ВМКБ, ки дар бинои суди вилоят қарор доштаанд, ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, норинҷаки дастӣ тарконида шудааст.
Дар натиҷаи ин амалҳо се корманди мақомоти қудратӣ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
"Ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи мусаллаҳона яке аз тазоҳургарон захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки дар рафти амалётҳо маводи махсуси зиддигирдиҳамоӣ истифода карда шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, барои муайян кардани дигар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Нисбати саркардагони ин ҳодиса аз тарафи прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.