Даргузашти генерале, ки марзи Тоҷикистонро ҳифз мекард: ҷанозаашро ба Рӯшон бурданд

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Обуна шудан
Марҳум замоне дар суфуфи нерӯҳои марзбонии кишвар ҳифозати марзҳои Тоҷикистон бо Чин ва сипас бо Ҷумҳурии Афғонистонро бар уҳда дошт
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар Душанбе боз як генерал-майори мустаъфии Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон Сабза Саркоров даргузашт.
Феълан иллати марги Саркоров маълум нест, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ марги генерал-майоррро бемории дил арзёбӣ намудаанд.
Саркоров 68-сола буд ва ҳоло ҷанозаи ӯро барои гӯручуб ба зодбумаш ноҳияи Рӯшони ВМКБ бурдаанд.
Сабза Саркоров соли 1954 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, дар солҳои 90 яке аз тарафдорони Созмони "Лаъли Бадахшон" буд.
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирро дар Хоруғ паронданд
Ӯ моҳи марти соли 1999 ба намояндагӣ аз "Лаъли Бадахшон" бар асоси саҳмияи сифоизае, ки тибқи Созишномаи сулҳ ба Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дода шуд, ибтидо муовини раиси Агентии амволи махсус ва сипас муовини фармондеҳи Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ таъйин шуд ва солҳои тӯлонӣ, то дами ба нафақа рафтанаш дар фармондеҳии нерӯҳои сарҳадӣ хидмат кард.
Он замон Саркоров масъулияти ҳифозати марзҳои Тоҷикистон бо Чин ва сипас бо Афғонистонро пурра ба дӯши худ гирифт буд.
Маврид ба зикр аст, дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ чанд пеш дар пайи як амалиёте, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон пиёда намуданд, даҳҳо нафар кушта шуда, боз теъдоди зиёди дигар шадидан захмӣ гардиданд.
Вазъият ҳоло дар ин ноҳия ором арзёбӣ мешавад, вале дар маркази ВМКБ вазъи нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0