Зеленский умедвор аст, сарбозони таслимшуда дар “Азовстал” мубодила мешаванд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкСаммит Восточного партнерства
Саммит Восточного партнерства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Украина дар навори ахири нашркардааш изҳори умедворӣ кардааст, сарбозоне, ки дар “Азовстал” таслим шуданд, мубодила хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, ба табодули сарбозоне, ки дар “Азовстал” таслим шудаанд, умед дорад.
"Бачаҳо аз низомиён фармон гирифтанд, ки метавонанд аз зербиноҳо хориҷ шаванд ва ҷони худро наҷот диҳанд ... Акнун аз он вобаста аст, ки СММ, КБСС, Русия ба ваъдаҳои додаи худ истод шаванд ва амнияти онҳоро(нерӯҳои Украина) таъмин намоянду бар ҳар шакл ба мубодилаи онҳо омода шаванд”, - гуфт Зеленский зимни мусоҳиба дар телевизиони Украина 24.
Вазорати дифои Русия рӯзи 20 май хабар дод, ки ҳудуди корхонаи бузурги "Азовстал" комилан озод шудааст, "иншоотҳои зеризаминии корхона, ки ҷангҷӯён дар он паноҳ мебурданд, таҳти назорати пурраи нерӯҳои мусаллаҳи Русия қарор гирифтаанд."
Вид на металлургический комбинат Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Русия барои барқарорсозии манотиқи озодшудаи Украина, ситод таъсис дод
Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти Вазорати дифои Русия, аз 16 май то имрӯз 2439 сарбозон ва нерӯҳои полки Азов, ки давоми беш аз ду моҳ дар ин корхона муҳосира шуда буданд силоҳҳои худро ба замин гузошта, таслим шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0