Русия: Сармоягузорӣ дар Афғонистон бастагӣ ба расман эътироф шудани толибон дорад

© Sputnik / Tariq AzimКабул во время карантина
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Раиси Утоқи тиҷорат ва саноии Русия дар мавриди чигунагии тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни Маскав ва Кобул сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Сергей Катерин, раиси Утоқи тиҷорат ва саноеъ дар нишасти “Русия ва ҷаҳони Ислом: иҷлоси Қазон 2022” дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik дар мавриди сармоягузории Русия дар Афғонистон гуфт: "Равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар гузашта ва ҳатто бо толибон ҳифз шудааст. Агар дар ин бахш тағйироте омода, мушкилие ба вуҷуд наомадааст”.
Вай афзуд, "ҳар он чизе, ки дар гузашта бо Афғонистон додуситад кардем, боқӣ мондааст".

“Аз назари сармоягузорӣ, ҳамон тавре ки медонед, дар кишваре, ки дар ҳоли ҷанг аст, бо таваҷуҳ ба шароите, ки имрӯз дар он ҷо вуҷуд дорад, сармоягузориҳои анбуҳ баид аст, аммо алоқа ба Афғонистон вуҷуд дошт ва ҳамчунон боқӣ хоҳад монд”, - гуфт ӯ.

Аммо ба гуфтаи вай, ин маънои онро надорад, ки ин имрӯз амалӣ хоҳад шуд.
Сергей Катерин бовар дорад, ки бо тасбити вазъият дар Афғонистон, аз ҷумла дар ҷомеаи мадании ин кишвар ин масъала ба сармоягузориҳои эҳтимолии Русия табдил хоҳанд шуд.
Афганские беженцы въезжают в Пакистан через пограничный переход в Чамане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Толибон хуруҷи ғайринизомиён аз марзҳои Афғонистонро мамнуъ кард
“Замоне буд, ки мо дар он ҷо бино месохтем ва кӯшиш мекардем, ки корхонаҳои дар замони шӯравӣ сохатшударо, ки хароб шуданд, аз нав бисозем. Ин лоиҳаҳо имрӯз ҳам барои Русия аҳамият доранд. Ман фикр мекунам, ки афғонистониҳо аз иҷрои онҳо хушҳол хоҳанд шуд”, - қайд кард ӯ.
Ҳамчунин вай ба як масъалаи муҳими дигар барои сармоягузории Русия ишора кард.
Вай гуфт, масъалаи ба расмият шинохтани ин Афғонистон вуҷуд дорад.
“Аз назари сармоягузорӣ ва аз назари равобити тиҷориву иқтисодӣ, хеле ба ин бастагӣ дорад. Замон нишон хоҳад дод. Ман намехоҳам пешбинӣ кунам, ки ин ҳама бо чӣ суръате тавсеа меёбад. Ман фикр мекунам, хеле чизҳо ба чигунагии пешрафти воқеӣ дар дохили Афғонитон бастагӣ доранд. Чӣ қадар мувафақ хоҳанд шуд, ки забони муштаракеро дар ҷомеаи мадании худ биёбанд, ”, - қайд кард раиси Утоқи тиҷорат ва саноеи Русия.
Вай илова кард, ки ин ҳама чизро таъйин хоҳад кард: на танҳо дар равобит бо Русия, балки бо кулли ҷаҳон.
Лентаи хабарҳо
0