Арзиши доллар коҳиш ёфт, аммо нархи орду равған дар Тоҷикистон боло рафт: чаро?

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкБазар "Панчшанбе" в городе Худжанде Таджикистан, архивное фото
Базар Панчшанбе в городе Худжанде Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2022
Обуна шудан
Қимати орду равғану шакар, умдатарин маводи ғизоии воридотии Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Фурӯшандаҳо мегӯянд, савдо суст шудааст
ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Тағйирёбии нархи орд дар бозорҳои кишвар аз як моҳи пеш шуруъ шуда буд ва ҳоло як халтаи навъи якум то ба 370 сомонӣ баробар шудааст.
Бино ба гуфти фурӯшандаҳои бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд, давоми як моҳи охир қиммати ин маводи ғизоӣ 50 сомонӣ боло рафтааст.

“Як моҳ пеш як халатаи 50-килоии орди навъи якум 310-320 сомонӣ ва халтаи 45-килоии навъи дуюм 265 сомонӣ буд, ҳоло нархҳо 370 ва 315 сомонӣ аст”- иброз намуд ин фурӯшанда.

Ин ҳамсуҳбати мо сабаби тағйирёбии нархро ба мушкили болоравии қимати воридоти гандум аз кишвари Қазоқистон рабт дод.
“Ҳоло арзиши воридоти гандум, назар ба моҳҳои қаблӣ, гаронтар шудааст” – афзуд ӯ.
Болоравии нархи орд дар ҳолест, ки рӯзҳои охир нархи равған ва шакар низ дар бозорҳо гарон шудааст.
Бино ба таҳлили Sputnik Тоҷикистон, давоми даҳ рӯзи охир арзиши ҳар литр рӯғани офтобпараст 3 сомонӣ ва нархи ҳар кило шакар ба беш аз 1 сомонӣ расидааст.
Бино ба мушоҳидаҳо, ҳоло 5 литр рӯғани навъи “Олейна”, ки асосан аз Русия вориди бозорҳои кишвар мешавад, ба 140 сомонӣ баробар шудааст; чизе, ки як ҳафта қабл 125 сомонӣ арзиш дошт.
Карим, яке аз тоҷирони бозори “Гулистон”-и Хуҷанд зимни суҳбат иброз намуд, ки дар пайи болоравии нархи рӯғани офтобпараст рӯғани пахта, аз ҷумла “Авангард” низ дар бозорҳои Суғд то ба 120 сомонӣ боло рафтааст.

“Даҳ рӯз пеш як зарфи 4,5-литраи “Авангард” 105 сомонӣ буд, ҳоло қариб ҳар литри он 3 сомонӣ боло рафтааст. Мо ҳам инро харида мефурӯшем, онҳое, ки инро ворид мекунанд, вақтҳои охир бо нархи нисбатан баланд ба мо медиҳанд” – зикр намуд фурӯшанда.

Дар пайи гароншавии рӯған арзиши шакар ҳам, ки асосан аз Русия ва Ҳундустон вориди бозорҳои Тоҷикистон мешавад, тағйир ёфтааст.
Алъон як халтаи 50-килоии шакари истеҳсоли Русия 680 сомонӣ ва тавлиди Ҳиндустон то ба 600 сомонӣ дакка хӯрдааст.
Фурӯшандаҳо иброз мекунанд, ки ҳоло нархи як кило шакар 13,5 ва 12 сомонӣ аст. Дар ҳоле ки даҳ рӯз қабл он 12, 5 ва 11, 5 сомонӣ арзиш дошт.
Пештар сабаби болоравии нархи воридоти чунин навъ маводи ниёзи рӯзғор ба тағйирёбии арзиши доллар рабт дода мешуд.
Приготовление хлеба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Дар Тоҷикистон нархи орд боз гарон шуд
Як моҳ ба ин тараф қимати 100 доллари амрикоӣ аз 1300 сомонӣ ба 1200 сомонӣ поин рафтааст.
Ҳоло тоҷирон сабаби тағйирёбии нархи маҳсулотро ба таври амиқ шарҳ дода наметавонанд. Дар ҳамин ҳол аксари чаканафурӯшони бозорҳо иброз менамоянд, ки болоравии нарх ба суръати савдои онҳо таъсир расонидааст.
“Пештар мардум омада, яклухт халтаи орду шакар ва бучкаи рӯғанро мегирифтанд, ҳоло меоянду мегӯянд, ки барои ман фалон кило орду шакару равғану баркаш. Мо ҳам хоҳиши хариддорро рад карда наметавонем”, - изҳор намуд як чаканафурӯши бозори “Панҷшанбе”.
Орду рӯғану шакар маводи аслии ғизоиест, ки умдатан аз хориҷи кишвар, аз Русияву Қазоқистон ва Ҳиндустон вориди бозорҳои Тоҷикистон мешаванд.
Бино ба иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, давоми моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ 266 832 тонна ғалла, 15 419 тонна рӯғани растанӣ ва 4 191 тонна шакар ба кишвар ворид шудааст.
Лентаи хабарҳо
0