Путин: Дар фазои иттилоотӣ алайҳи Русия ҷанги воқеӣ эълон шудааст

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Ба гуфтаи президенти Русия, хушунати киберӣ ва ҳамчунин таҳримӣ ба ин кишвар дар маҷмуъ ноком шуд, зеро дар Русия ба ҳамаи ин омода буданд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия гуфт, дар фазои иттилоотӣ алайҳи Русия ҷанги васеъмиқёс бурда мешавад.
Путин қайд кард, ки шумораи ҳамлаҳои киберӣ ба инфрасохтори иттилоотии Русия дар солҳои охир пайваста афзоиш меёбад.

"Бо оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс ва Украина чолишҳо дар ин замина боз ҳам шадидтар ва ҷиддитар, шуҳратпарасттар шуданд. Воқеан, алайҳи Русия таҷавузи воқеӣ, ҷанг дар фазои иттилоотӣ оғоз шуд", - таъкид намуд роҳбари Русия.

Тавре раисҷумҳури Русия изҳор дошт, талошҳо барои хомӯш кардани манобеи интернетии инфрасохтори муҳими иттилоотии Русия, расонаҳо, ниҳодҳои молӣ, порталҳо ва шабакаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамияти оммавидошта мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
"Дар бештари мавридҳо аз тактикаи ҳамлаҳои зерин истифода мешаванд: дастрасӣ ба манобеи интернетии Русия масдуд мешавад, иттилоот дастнорас мешавад ва ё ба қалбакӣ иваз карда мешавад”, - гуфт Путин.
Заместителя председателя Совета безопасности РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Медведев оқибатҳои даҳшатбори дефолти Русияро барои ҷаҳон номбар кард
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, имрӯз метавон гуфт, ки ин таҷовузи киберӣ ва ҳамчунин ҳамлаи таҳримӣ ба кишвар дар маҷмуъ ноком шуд, зеро Русия ба шарофати кори муназзам ба ин ҳамла омода буд.
"Мутахассисони мо ба масъалаҳои ҳифзи инфрасохтори иттилоотӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва амнияти шабакаҳо ва каналҳои коммуникатсионӣ ба таври ҷиддӣ ҷалб карда шуданд ва такрор мекунам, ки мо тавонистем корҳои зиёдеро анҷом диҳем, аз ҷумла дар эҷоди технологияҳои беназири худамон", - илова кард Путин.
Лентаи хабарҳо
0