Тафсилоти ҳаҷ-2022. Аз Тоҷикистон кӣ меравад, кай, чанд пул ва чаро гарон?

© Sputnik / Искандар Аминов / Гузариш ба медиабонкПаломники из Таджикистана перед отъездом на хадж в аэропорту Душанбе
Паломники из Таджикистана перед отъездом на хадж в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон шарту шароит ва далели боло рафтани қимати сафари ҳаҷ дар соли равонро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Қимати сафари ҳаҷ дар соли равон боло рафта, дар назар аст, ки сафарбарнамоии зоирини тоҷикистонӣ аз нимаи дуюми моҳи июн оғоз гардад.
Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҶТ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода, тафсилоти дигари ин маъракаро ироа намуд.

Ба гуфтаи ӯ, имсол тибқи ҳиссаи ҷудонамудаи кишвари мизбон, беш аз 3500 шаҳрванди Тоҷикистон ба маросими ҳаҷ сафарбар мегарданд. Масъули Кумита таъкид намуд, соли равон довталабоне барои адои маносики ҳаҷ сафарбар мегарданд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соли 2020 пешниҳод шуда буданд.
"Бинобар сабаби пандемияи фарогир дар ду мавсими гузашта маросими ҳаҷ баргузор нагардид. Аз ин лиҳоз бартарияти асосӣ ба довталабони болозикр дода мешавад", - тавзеҳ дод ӯ.
Дар мавриди синни зоирин зикр шуд, ки тибқи талаботи кишвари мизбони ҳаҷ, сафарбарнамоии афроди синнашон то 65-сола ба мавсими ҳаҷ иҷозат дода шудааст.
Зимни шарҳи нархи маросими ҳаҷ Афшини Муқим гуфт, тибқи ҳисоби пешакӣ, эҳтимолан арзиши хидматрасониҳои мавсими имсолаи ҳаҷ дар кишвари мо низ ҳудуди 4800-4900 долларро ташкил диҳад.
Маблағи мазкур асосан барои билети ҳавопаймо (рафтубаргашт), меҳмонхонаҳо дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт таъмини хӯрок, қурбонӣ, хидматрасонӣ дар машоир – Мино, Арафот ва Муздалифа, нақлиёт аз Ҷидда ба Макка ва аз Макка ба Мадина ё баръакс, боҷи давлатӣ ва дигар хидматрасониҳо сарф мешавад.
Паломники гуляют вокруг Каббы в Большой мечети в городе Мекка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Арабистони Саудӣ квотаи ҳаҷ барои Русияро дар соли 2022 коҳиш дод
Таъйини нарх ба андозаи ҳудуди 4,8 ҳазор доллари амрикоӣ дар ҳолест, ки дар гузашта арзиши хадамот барои адои ҳаҷ ҳудуди 3,7 ҳазор долларро ташкил медод.
Афшини Муқим зимни тавзеҳи боло рафтани нарх, изҳор дошт, ки он ба маҷмуи хидматрасониҳое, ки кишвари мизбон дар мавзеи Мино, Арафот ва Муздалифа бо дарназардошти тадбирҳои беҳдоштӣ пешниҳод мекунад, бастагӣ дорад.
"Агар масалан, дар соли 2019 барои хидматрасонӣ дар машоири Минову Арафот барои ҳар як зоир ҳудуди 236 доллари ИМА пардохт шуда бошад, имсол бинобар ба эътибор гирифтани тадбирҳои ҷиддии беҳдоштӣ, кишвари мизбон арзиши хидматрасониҳо дар Минову Арафотро бештар аз 1400 доллар муайян намудааст", - афзуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0