https://sputnik.tj/20220429/saudi-kvota-haj-rusiya-kohish-1048060462.html
Арабистони Саудӣ квотаи ҳаҷ барои Русияро дар соли 2022 коҳиш дод
Арабистони Саудӣ квотаи ҳаҷ барои Русияро дар соли 2022 коҳиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Пеш аз пандемия, беш аз 2 миллион мусалмон аз кишварҳои дигар метавонистанд ба Арабистони барои зиёрати хонаи Худо оянд, дар соли 2022 ин миқдор 55% кам шуд
2022-04-29T09:05+0500
2022-04-29T09:05+0500
2022-04-29T15:32+0500
арабистони саудӣ
дар русия
ҳаҷ
зоирин
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032653156_0:0:2501:1407_1920x0_80_0_0_89305854c085a430aee69fc231b98942.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар соли 2022 беш аз 11 ҳазор зоир аз Русия метавонанд ба ҳаҷ раванд. Дар ин бора муовини раиси Идораи мусалмонони Русия Рӯшан Аббясов хабар дод. Дар ҳамин ҳол квота барои зиёрати муқаддасоти исломӣ дар Макка ва Мадина барои кишварҳои хориҷӣ тақрибан ду баробар коҳиш ёфтааст.Вай ёдовар шуд, ки пеш аз пандемия, беш аз 2 миллион мусалмон аз кишварҳои дигар метавонистанд ба Арабистони Саудӣ ба ҳаҷ раванд. Дар солҳои 2020 ва 2021, тибқи тасмими мақомоти Арабистони Саудӣ, ба далели маҳдудиятҳои пандемия имкони рафтан ба ҳаҷ набуд. Маросими аслии ҳаҷ имсол аз 7 то 12 июл баргузор мешавад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки мақомоти Арабистони Саудӣ дар соли 2022 ба афроди то 65-сола, ки зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, иҷозаи зиёрати хонаи Худоро додаанд.Мақомоти Саудӣ тавзеҳ додаанд, зоирони хориҷӣ бояд натиҷаи манфии тест барои COVID-19-ро, ки на дертар аз 72 соат пеш аз сафар ба салтанат гирифта шудааст, пешниҳод кунанд. Вазорати ҳаҷ ва умраи Саудӣ бар зарурати андешидани тамоми чораҳои эҳтиётӣ таъкид ва аз ҳоҷиён даъват кардааст, ки ҳангоми адои маросими худ дастури мақомотро риоя кунанд. Соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус Арабистони Саудӣ сафари ҳаҷ барои зоирони хориҷиро лағв ва ҳамчунин теъдоди ширкаткунандагонро то 1000 нафар маҳдуд кард. Соли қаблӣ ин шумора ба 60 000 нафар расонда шуд, вале манъи сафари ҳаҷ барои зоирони хориҷӣ лағв нашуда буд.
https://sputnik.tj/20220425/arabiston-kvota-safar-zoirin-tojik-1047920594.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032653156_103:0:2322:1664_1920x0_80_0_0_0c1b062324d2fc3a9acd9d63916ab112.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саудӣ квота ҳаҷ русия ҳаҷ 2022
саудӣ квота ҳаҷ русия ҳаҷ 2022
Арабистони Саудӣ квотаи ҳаҷ барои Русияро дар соли 2022 коҳиш дод
09:05 29.04.2022 (Навсозишуда: 15:32 29.04.2022) Пеш аз пандемия, ки беш аз 2 миллион мусалмон метавонистанд ба Арабистони барои зиёрати хонаи Худо раванд, ин мизон дар соли 2022 55% кам шудааст
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар соли 2022 беш аз 11 ҳазор зоир аз Русия метавонанд ба ҳаҷ раванд. Дар ин бора муовини раиси Идораи мусалмонони Русия Рӯшан Аббясов хабар дод.
Дар ҳамин ҳол квота барои зиёрати муқаддасоти исломӣ дар Макка ва Мадина барои кишварҳои хориҷӣ тақрибан ду баробар коҳиш ёфтааст.
"Имсол 1 миллион нафар диндор метавонад ба Арабистони Саудӣ сафар кунад, квота барои ҳама 55% кам карда шуд. Агар квотаи мусалмонони Русия пеш аз пандемия 25 ҳазор нафар буд, пас имрӯз 11 318 нафар аст ва ҳамин қадар зоир аз Русия метавонанд ин ҷойҳои муқаддасро зиёрат кунанд", - гуфт Аббясов.
Вай ёдовар шуд, ки пеш аз пандемия, беш аз 2 миллион мусалмон аз кишварҳои дигар метавонистанд ба Арабистони Саудӣ ба ҳаҷ раванд.
Дар солҳои 2020 ва 2021, тибқи тасмими мақомоти Арабистони Саудӣ, ба далели маҳдудиятҳои пандемия имкони рафтан ба ҳаҷ набуд. Маросими аслии ҳаҷ имсол аз 7 то 12 июл баргузор мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки мақомоти Арабистони Саудӣ дар соли 2022 ба афроди то 65-сола, ки зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, иҷозаи зиёрати хонаи Худоро додаанд.
Мақомоти Саудӣ тавзеҳ додаанд, зоирони хориҷӣ бояд натиҷаи манфии тест барои COVID-19-ро, ки на дертар аз 72 соат пеш аз сафар ба салтанат гирифта шудааст, пешниҳод кунанд.
Вазорати ҳаҷ ва умраи Саудӣ бар зарурати андешидани тамоми чораҳои эҳтиётӣ таъкид ва аз ҳоҷиён даъват кардааст, ки ҳангоми адои маросими худ дастури мақомотро риоя кунанд.
Соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус Арабистони Саудӣ сафари ҳаҷ барои зоирони хориҷиро лағв ва ҳамчунин теъдоди ширкаткунандагонро то 1000 нафар маҳдуд кард.
Соли қаблӣ ин шумора ба 60 000 нафар расонда шуд, вале манъи сафари ҳаҷ барои зоирони хориҷӣ лағв нашуда буд.