https://sputnik.tj/20220520/guterrish-payom-lukashenko-rasondand-1048602366.html
Ба Гутерриш паёми Лукашенкоро расонданд
Ба Гутерриш паёми Лукашенкоро расонданд
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СММ қаблан хостори дастрасии комил ва бидуни мамониат ба бозорҳои ҷаҳонии нуриҳои Белорус ва Русия шуд
2022-05-20T18:00+0500
2022-05-20T18:00+0500
2022-05-20T19:04+0500
дар ҷаҳон
беларус
смм
антониу гуттериш
александр лукашенко
паём
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/35/1029083518_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_30ee33bec102190bf5626a9df15cef4c.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Намояндаи доимии Беларус дар СММ Валентин Рибаков бо Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ мулоқот кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Беларус.Ин ниҳод бо нашри хабари мулоқоти Рибаков бо Гутерриш зикр намудааст, ки намояндаи Беларус ба дабири кулл паёми Александр Лукашенкоро расондааст.Маълум нест, ки дар паём Лукашенко ба Гутерриш чӣ навиштааст.Манбаъ афзуда, ҷонибҳо масъалаҳои амнияти озуқавории байналмилалиро дар заминаи ташаннуҷи геополитикӣ ва фишори таҳримӣ баррасӣ карданд.Гутерриш қаблан хостори дастрасии комил ва бидуни мамониат ба бозорҳои ҷаҳонии нуриҳои Беларус ва Русия шуда буд.Вай ҳамчунин аз мақомоти Русия хост, ки ба хуруҷи бори ғалла халал нарасонанд ва дар посух ваъдаи кумак дар сабук кардани маҳдудиятҳои таҳримӣ алайҳи нуриҳои тавлиди Беларус ва Русия кард.Ҷониби Туркия низ омодагии худро барои ширкат дар ин созишномаҳо эълом дошт. Анкара ҳатто омодааст, ки вазифаи дарёфт ва безараргардонии минаҳои баҳрӣ ва идоракунии киштиҳоро ба дӯш гирад. Дабири кулли созмон аллакай дар ин бора бо Русия, Украина ва дигар кишварҳо як силсила музокирот анҷом додааст.
https://sputnik.tj/20220511/gutterish-anjom-dargiriho-ukraina-bovar-1048366845.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/35/1029083518_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_320762e86287a0b9947f715306aecda2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лукашенко гутерриш смм
Ба Гутерриш паёми Лукашенкоро расонданд
18:00 20.05.2022 (Навсозишуда: 19:04 20.05.2022) Дабири кулли СММ қаблан хостори дастрасии комил ва бидуни мамониат ба бозорҳои ҷаҳонии нуриҳои Белорус ва Русия шуда буд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Намояндаи доимии Беларус дар СММ Валентин Рибаков бо Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ мулоқот кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Беларус.
Ин ниҳод бо нашри хабари мулоқоти Рибаков бо Гутерриш зикр намудааст, ки намояндаи Беларус ба дабири кулл паёми Александр Лукашенкоро расондааст.
Маълум нест, ки дар паём Лукашенко ба Гутерриш чӣ навиштааст.
"Ҷониби Беларус паёми шахсии раисҷумҳур Александр Лукашенкоро ба раҳбари ин созмон супоридааст", - омадааст дар хабари вазорат.
Манбаъ афзуда, ҷонибҳо масъалаҳои амнияти озуқавории байналмилалиро дар заминаи ташаннуҷи геополитикӣ ва фишори таҳримӣ баррасӣ карданд.
Гутерриш қаблан хостори дастрасии комил ва бидуни мамониат ба бозорҳои ҷаҳонии нуриҳои Беларус ва Русия шуда буд.
Вай ҳамчунин аз мақомоти Русия хост, ки ба хуруҷи бори ғалла халал нарасонанд ва дар посух ваъдаи кумак дар сабук кардани маҳдудиятҳои таҳримӣ алайҳи нуриҳои тавлиди Беларус ва Русия кард.
Ҷониби Туркия низ омодагии худро барои ширкат дар ин созишномаҳо эълом дошт. Анкара ҳатто омодааст, ки вазифаи дарёфт ва безараргардонии минаҳои баҳрӣ ва идоракунии киштиҳоро ба дӯш гирад.
Дабири кулли созмон аллакай дар ин бора бо Русия, Украина ва дигар кишварҳо як силсила музокирот анҷом додааст.