https://sputnik.tj/20220511/gutterish-anjom-dargiriho-ukraina-bovar-1048366845.html
Гутерриш ба зуд анҷом ёфтани низоъ дар Украина бовар надорад
Гутерриш ба зуд анҷом ёфтани низоъ дар Украина бовар надорад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид интизор надорад, ки низоъ дар Украина дар ояндаи наздик хотима ёбад
2022-05-11T18:30+0500
2022-05-11T18:30+0500
2022-05-11T20:14+0500
дар ҷаҳон
антониу гуттериш
смм
украина
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103091/66/1030916663_0:154:3095:1895_1920x0_80_0_0_635f5f4b0c2633e468f72c00b5b58cc8.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бовар надорад, ки амалиёти низомии Русия дар Украина дар ояндаи наздик ба поён мерасад."Умедворам, ки ҳеҷ чиз абадӣ нест. Лаҳзае мешавад, ки музокироти сулҳ фаро мерасад. Замоне хоҳад омад, ки роҳи ҳалли масъала дар асоси Оинномаи СММ ва қонунҳои байналмилалӣ пайдо шавад. Аммо ин дар ояндаи наздик рух намедиҳад", - гуфт Гутерриш ба хабарнигорон дар Вена.Ёдовар мешавем, ки Дабири кулли СММ чанде пеш аз Русия ва Украина боздид намуд. Дар Маскав ӯ бо кишвардори Русия Владимир Путин ва вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров дидору гуфтугӯ карда буд.Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.ВАО: Дабири кулли СММ аз Бородиянка ва Буча боздид кард. Ӯ чӣ дид?Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
https://sputnik.tj/20220303/smm-ukroin-million-gureza-shudaast-1046454933.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103091/66/1030916663_182:0:2913:2048_1920x0_80_0_0_c36d2dcf57af221c849a6d8d06242757.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм гутерриш украина низоъ
смм гутерриш украина низоъ
Гутерриш ба зуд анҷом ёфтани низоъ дар Украина бовар надорад
18:30 11.05.2022 (Навсозишуда: 20:14 11.05.2022) Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид интизор надорад, ки низоъ дар Украина дар ояндаи наздик хотима ёбад
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бовар надорад, ки амалиёти низомии Русия дар Украина дар ояндаи наздик ба поён мерасад.
"Умедворам, ки ҳеҷ чиз абадӣ нест. Лаҳзае мешавад, ки музокироти сулҳ фаро мерасад. Замоне хоҳад омад, ки роҳи ҳалли масъала дар асоси Оинномаи СММ ва қонунҳои байналмилалӣ пайдо шавад. Аммо ин дар ояндаи наздик рух намедиҳад", - гуфт Гутерриш ба хабарнигорон дар Вена.
Ёдовар мешавем, ки Дабири кулли СММ чанде пеш аз Русия ва Украина боздид намуд. Дар Маскав ӯ бо кишвардори Русия Владимир Путин ва вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров дидору гуфтугӯ карда буд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.