https://sputnik.tj/20220519/vukh-rusiya-istifoda-siloh-hastai-tahdid-1048565419.html
ВУХ: Русия ҳеҷ гоҳ касеро бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст
ВУХ: Русия ҳеҷ гоҳ касеро бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия ахиран эълон кардааст, ки кишвараш ҳеҷ гоҳ аз истифодаи силоҳи ҳастаӣ касеро таҳдид накардааст
2022-05-19T15:40+0500
2022-05-19T15:40+0500
2022-05-19T20:07+0500
дар русия
има
амрико
ҷанги ҳастаӣ
таҳдид
истифода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042792704_0:301:1019:874_1920x0_80_0_0_9b1975e2ad821fc730a6a2af2b1f7a62.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ки Амрико ба хотири тарсонидани аҳолии худ Русияро ба эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар Украина айбдор мекунанд.Ба гуфтаи вай, Русия ҳеҷ гоҳ ба касеро бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст, балки баръакс "кишвари мо ҳамеша аз пеш гирифтани чунин иқдоми бемасъулият ҳушдор медиҳад, аммо ин барои ИМА ин кофӣ нест"."Бо муттаҳам кардани Русия, ки гӯё Маскав дар Украина аз силоҳи ҳастаӣ истифода мекунад, амрикоиҳо як қатор ҳадафҳои худро пайгирӣ мекунанд, аммо яке аз онҳо барои мо рӯшан аст – ин тарсонидани аҳолии худ мебошад", - навиштааст Захарова дар "Telegram-канал"-и худ.Ба гуфтаи хонум Захарово, Русия "ҳеҷ гоҳ на танҳо касеро ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст, балки баръакс пайваста ба тамоми кишварҳо аз ин бемасъулиятӣ ҳушдор медиҳад, ки Вашингтон онро қабул надорад”.Дипломати рус ҳамчунин афзуд, Иёлоти Муттаҳида талош дорад, сохтакориҳое эҷод кунад, ки гӯё вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ таҳдид мекунад."Ин кор нашуд. Фейкҳо зуд ошкор карда шуданд", - таъкид кард хонум Захарова.
https://sputnik.tj/20220518/terminator-ukraina-rusiya-siloh-istifoda-1048536939.html
има
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042792704_0:205:1019:969_1920x0_80_0_0_c85c42351df684a6ab448cc8a84f1a79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, вух, истифода, силоҳи ҳастаӣ, таҳдид, има
русия, вух, истифода, силоҳи ҳастаӣ, таҳдид, има
ВУХ: Русия ҳеҷ гоҳ касеро бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст
15:40 19.05.2022 (Навсозишуда: 20:07 19.05.2022) Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия ахиран эълон кардааст, ки Русия ҳеҷ гоҳ бо истифодаи силоҳи ҳастаӣ касеро таҳдид накардааст
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ки Амрико ба хотири тарсонидани аҳолии худ Русияро ба эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар Украина айбдор мекунанд.
Ба гуфтаи вай, Русия ҳеҷ гоҳ ба касеро бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст, балки баръакс "кишвари мо ҳамеша аз пеш гирифтани чунин иқдоми бемасъулият ҳушдор медиҳад, аммо ин барои ИМА ин кофӣ нест".
"Бо муттаҳам кардани Русия, ки гӯё Маскав дар Украина аз силоҳи ҳастаӣ истифода мекунад, амрикоиҳо як қатор ҳадафҳои худро пайгирӣ мекунанд, аммо яке аз онҳо барои мо рӯшан аст – ин тарсонидани аҳолии худ мебошад", - навиштааст Захарова дар "Telegram-канал"-и худ.
Ба гуфтаи хонум Захарово, Русия "ҳеҷ гоҳ на танҳо касеро ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст, балки баръакс пайваста ба тамоми кишварҳо аз ин бемасъулиятӣ ҳушдор медиҳад, ки Вашингтон онро қабул надорад”.
Дипломати рус ҳамчунин афзуд, Иёлоти Муттаҳида талош дорад, сохтакориҳое эҷод кунад, ки гӯё вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ таҳдид мекунад.
"Ин кор нашуд. Фейкҳо зуд ошкор карда шуданд", - таъкид кард хонум Захарова.