Дар ВМКБ амалиёти зиддитеррористӣ оғоз шуд: ВКД аз ҳузури зархаридон гуфт

© Sputnik Пограничный пост, архивное фото
Пограничный пост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Обуна шудан
Дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ, дар хатти сарҳади давлатӣ аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ғайриқонунӣ шоҳроҳи байналмилалии "Душанбе – Кулма"-ро бастанд
ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Аъзои як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар қитъаи роҳи автомобилгарди Душанбе - Қулма дар ноҳияи Рӯшон роҳи байналмилалии Душанбе - Қулмаро ғайриқонунӣ бастаанд. Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин ҳодиса рӯзи 17 май мустақиман дар хатти сарҳади давлатӣ ба хотири ноором кардани вазъи иҷтимоию сиёсӣ рух додааст.

"Ҷинояткорон бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд", - афзуд ин ниҳод.

Гуфта мешавад, ки аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ тақозои қонунии маъмурони интизомӣ дар мавриди супурдани силоҳу муҳимоти худ ва нишон додани муқовимати мусаллаҳонаро иҷро накардаанд.
Тафсилот дар бораи боздошт ва қурбониёни эҳтимолӣ то ҳол дода нашудааст.
То ин дам аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар дар қитъаи роҳи ноҳияи Рӯшон амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ куштаю захмӣ бар ҷой гузошт: шарҳи ВКД
Ин барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва барқарор кардани ҳаракати бемамониати нақлиёт дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Қулма зарур хонда шудааст.
Қобили зикр аст, ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки тамоми аъмоли гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ "бар зидди асосҳои сохти конститутсионӣ" нигаронида шуда, дар фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ дар ноҳияи Рӯшон аломатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ мушоҳида мешавад.
Вазорати корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ созмон ёфта, аз хориҷ маблағ мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0