"Терминатор"-ҳои Русия ғайринизомисозӣ дар Украинаро тасреъ мекунанд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПодготовка к репетиции парада Победы в Москве
Подготовка к репетиции парада Победы в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
ХҶПН "Терминатор" имкон медиҳад, потенсиали нерӯҳо ва динамикаи амалиёти ҳамла афзоиш ёбад, инчунин ҳамлаҳои артиши Украина дар Донбасс рафъ шаванд
Русия ба истифода аз худрави ҷангии пиёданизоми “Терминатор” (BMPT) дар амалиёти вижа барои суръат бахшидан ба ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина шуруъ кард.
Воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаи Лисичанск-Северодонетск аллакай бо ин "мошини зиреҳпӯш " шинос шудаанд.
"Терминатор"-ҳо мавқеъҳои душман, аз ҷумла нуқтаҳои оташфишонӣ ва блиндажҳои дуру дарозро зуд "барҳам дода", якчанд экипажи зиддитанкиро бо комплексҳои сохти Ғарб нобуд карданд.
Ҷангҳои шадиди омехта дар театри амалиётии аврупоӣ бо истифода аз доираи васеи системаҳои мушакии сайёри НАТО ба такмили аслиҳа, тактика ва алгоритмҳои истифодаи ХҶПНT дар ҳайати гурӯҳҳои зиреҳпӯши мобилии артиши Русия амалӣ хоҳанд шуд.
Қаблан истифодаи ХҶПНТ дар якҷоягӣ бо танкҳо дар ҳамла ва мудофиа, ҳангоми марш ва ҳамчун силоҳи оташфишон ҳангоми навбатдорӣ дар посбониҳои ҷангӣ кор карда шуда буд.
Ситуация на границе Крыма с Украиной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Ғайринизомисозӣ – ҳадафи амалиёти вижаи Русия дар Украина
"Терминатор" соли 2018 мавриди истифода қарор гирифта, аз озмоишҳо дар Сурия бомуваффақият гузашт ва дар соли 2021 дар ихтиёри нерӯҳои Русия қарор гирифт.
Дар машқҳои муштараки "Ғарб-2021" дар Ҷумҳурии Беларус ХҶПНТ-ҳо дар ҷузъу томҳои ҷангии Артиши танкии 1-уми гвардияии Округи ҳарбии ғарбӣ – дар як гардиши ягонаи истихборотӣ ва зарбазанӣ бо системаҳои зиддиҳавоӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини амалиётии "Иноходетс" ва "Форпост" истифода шуданд.
“Терминатор” дар асоси танки Т-72 сохта шудааст, бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷангӣ, “Терминатор” як мошини маневршаванда, чандманзура ва хеле муҳофизатшуда ва дорои системаи назорати пешрафта мебошад.
Мақсади ХҶПНT муҳофизати танкҳои Т-72, ​​Т-80, Т-90, Т-14, яъне нобудсозии шадиди мошинҳои зиреҳпӯш, ҳавопаймоҳои пастпарвоз, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин, инчунин зидди заҳролудшавӣ низ мебошад.
"Терминатор" қодир аст, ба мошинҳои зиреҳпӯши қувваҳои мусаллаҳи Украина бо мушакҳои идорашавандаи маҷмаи “Атака” дар масофаи то 6 ҳазор метр ва бо оташ аз тӯпи 30-миллиметрӣ ба масофаи 1,5 ҳазор метр зарба занад.
Тӯпи автоматии 2А42 метавонад хадафҳои хавоиро дар масофаи то 2,5 ҳазор метр зада ғалтонад, қувваи кориро дар масофаи то 4 ҳазор метр нест кунад.
Ин мошин барои мубориза дар масофаи минималӣ хуб мутобиқ карда шудааст. Дар саҳро як "Терминатор" ду танк ва дар шароити шаҳрӣ ду ХҶПНТ як танкро ро муҳофизат мекунад, ки ин барои воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина, ки дар шаҳрҳо амал карданро авлотар медонанд, хабари бад аст.

Меҳмони оянда

Рӯзи 17 май ду баталони механиконидашудаи Украина кӯшиш карданд, ки ба воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар вилояти Запорож ҳамлаи ҷавобӣ диҳанд. Пешравии мошинҳои зиреҳпӯши қувваҳои мусаллаҳи Украина тавассути таҷҳизоти истихборотӣ (UAV) сабт шудааст.
Дар хатти ҷойгиркунии отрядҳои ҷангӣ бесарнишин, артиллерия, танкхо ва машинахои ҷангии пиёда ба душман ҳуҷум карданд. Дар натиҷа 26 танки украинӣ, 12 мошини ҷангии пиёда ва ҳудуди 100 нафар низомиён нобуд карда шуданд. Шояд дар ин ҷо "Терминатор" ҳам нақши худро бозида бошад.
Танкҳо асосан барои муқовимати ҷангӣ ба танкҳо ва истеҳкомҳои душман пешбинӣ шудаанд. "Терминатор" як сарбози ҳамаҷонибаи оянда аст, ки қудрати бештар дорад.
Воситаҳои самарабахши ошкор кардан ва шинохтани ​​нишондодҳо, системаи автоматии идоракунии оташ, синтези яроқи мушакӣ ва идорашаванда дар майдони ҷанг бартариҳои калон медиҳанд.
Ин мошини беназир қодир аст, ки дар як вақт бо истифода аз якчанд объект то се гурӯҳи ҳадафҳоро бо ҳама намуди аслиҳа зарба занад.
Боевая машина поддержки танков (БМПТ) Терминатор  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Терминатор" дар Украина: Русия пурқувваттарин силоҳро дар амалиёти вижа истифода кард
Командири экипаж вазифадои мукаммал дорад — вай метавонад расмро аз дидори тупчиён дар дисплейи алодида намоиш дихад, туретро ба хар тараф гардонад ва ярокро идора кунад.
Экипаж - 3-5 нафар (вобаста ба тағирот). Фармондеҳ ва тӯпчиён дар ҷойҳои алоҳидаи зиреҳпӯш ҷойгир карда шудаанд. Системаи навигатсионии ГЛОНАСС, зиреҳи омехтаи бисёрқабата ва муҳофизати динамикии насли нави "Реликт" (зиреҳи муодили то 1,1 ҳазор мм) аз дигар хусусиятҳои фарқкунандаи "Терминатор" мебошанд.
Муҳофизати иловагӣ тавассути экранҳо ва панҷарашо таъмин карда мешавад. Муҳаррики дизелии V-92S2 бо иқтидори 1 ҳазор асп барои ин силоҳи пурқувват пешбинӣ шудааст.
"Уралвагонзавод" таҳияи лоиҳаро дар асоси платформаи "Армата" бо модули ҷангии беодам ва тӯпи “Байкал”-ро идома медиҳад. Модификатсияи "бесарнишин"-и "Терминатор" бо зеҳни сунъӣ таҳия карда мешавад.
Нашрияи олмонии Штерн пешниҳод кардааст, ки "Терминатор" ба бестселлери содирот табдил хоҳад ёфт.
Аз оғози истеҳсоли силсилавӣ танҳо як мавриди содироти ХҶПНТ ба Қазоқистон, ки шумораи онҳо 10-то гуфта мешавад, сурат гирифтааст. Ва аммо "Терминатор"-и русӣ дар шароити мавҷуд набудани рақобат иқтидори бузурги содиротӣ дорад.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0