Толибон хуруҷи ғайринизомиён аз марзҳои Афғонистонро мамнуъ кард

© AP / Jafar KhanАфганские беженцы въезжают в Пакистан через пограничный переход в Чамане
Афганские беженцы въезжают в Пакистан через пограничный переход в Чамане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Обуна шудан
Тибқи як фармони толибон, хуруҷи ғайриқонунӣ аз марзҳои Афғонистон мамануъ ва ба нерӯҳои амниятӣ дастур дода шуда, то бо қочоқи инсон дар марз бархӯрд шавад
ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Ахиран мақомоти баландпояи толибон барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон ва хуруҷи ғайриқонунӣ ба кишварҳои ҳамсоя фармон содир кардаанд ва аз ҳамин рӯ нерӯҳои амниятии ин гурӯҳ тадбири шадидро дар ин мавзуъ дар вилоятҳои марзӣ иттихоз кардаанд.
Муҳаммад Аюбӣ, фармондеҳи пулиси толибон барои вилояти Нимрӯз изҳор дошт, ки Вазорати дохилаи ҳукумати муваққати Афғонистон хуруҷи ғайриқонунӣ аз марзҳои Афғонистонро мамнуъ кардааст.
Коллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Рӯзномаи “Сабоҳ”: Афғонистон ба самти як ҷанги дохилии бузург меравад
Вай афзуд, дар ин робита ба тамоми нерӯҳои амниятии вилояти Нимрӯз дастур дода шудааст, ки ба ҳеҷ кас иҷоза надиҳанд, ба кишварҳои ҳамсоя ғайриқонунӣ сафар намоянд.
"Ин амр ба тамоми нерӯҳои амниятӣ ирсол шудааст ва қочоқчиёни инсон боздошт ва ба мақомоти қазоӣ супурда хоҳанд шуд", - гуфт Аюбӣ.
Роҳбари пулиси толибон дар Нимрӯз мегӯяд, мақомоти вилояти ҳаммарз бо Эрон ҳамчунин дастур гирифтанд, ки ҳич кас аз нерӯҳои амниятии давлати собиқ ва ғайринизомиён иҷозаи сафари ғайриқонунӣ дода нашавад ва дар сурати сарпечӣ аз ин дастур аз сӯйи нерӯҳои толибон боздошт хоҳанд шуд.
Толибон ҳамчунин ба нерӯҳои амниятӣ ва соҳибони меҳмонхонаҳои Афғонистон ҳушдор додаанд, ки агар мусофирон дар роҳ бимонанд, боздошт хоҳанд шуд.
Аммо дар пайи таҳаввулоти Афғонистон сафарҳои ғайриқонунӣ ба кишварҳои ҳамсоя, бахусус Эрон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0