https://sputnik.tj/20220507/sarmurabi-istaravshan-bargasht-1048271593.html
Бозгашти дигарбораи сармурабии олмонии “Истаравшан” бо дархости мухлисон
Бозгашти дигарбораи сармурабии олмонии “Истаравшан” бо дархости мухлисон
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи баррасии чаҳор бозии ахири даста раҳбарияти бошгоҳ сармураббиро аз мақомаш барканор кард, аммо бо пешниҳоди мухсилон дигарбора баргардонид
2022-05-07T12:30+0500
2022-05-07T12:30+0500
2022-05-07T20:17+0500
футбол
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
истаравшан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035190882_275:0:2721:1376_1920x0_80_0_0_678d4468d7b63b219ef5b3138e7f37b0.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Ризо Паркас сармурабии эронитабори олмонии дастаи футболи “Истаравшан” баъди 4 рӯзи барканорӣ, дубора ба ин маснадаш барқарор шудааст.Илҳом Баротов, мураббии дастаи “Истаравшан” ин иттилоъро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард. Ӯ гуфт, дар бораи аз нав таъйин гардидани сармурабии собиқ рӯзи 6 май қарор ба тасвиб расонида шуд. Ёдовар мешавем, рӯзи 2 май, Федератсияи футболи шаҳри Истаравшан бо баргузории ҷаласа бо иштироки директори клуби футболи “Истаравшан” Алишер Фозилов, дар бораи қатъи шартномаи ҳамкорӣ бо сармураббии олмонии даста Ризо Паркас ва капитани тим Илҳом Баротов иттилоъ дода буд. Дар хабар гуфта мешуд, ки масъулони футбол натиҷаҳои чор бозии дастаи футболи “Истаравшан” дар Лигаи олии Тоҷикистонро дар ҷаласа мавриди муҳокима қарор дода ба мувофиқа расидаанд, ки шурӯъ аз оғози моҳи майи соли ҷорӣ шартномаи ҳамкорӣ бо сармураббӣ қатъ карда мешавад. Дар он ҷаласа бо назардошти хулосаи ҳосилгардида ҳамчунин шартномаи ҳамкорӣ бо ёрдамчии сармураббӣ Шуҳрат Шамсиев низ қатъ карда шуд. Ҳоло баъди ҳамагӣ чаҳор рӯз холи мондани маснади сараббӣ дар “Истаравшан” масъулони Федетрасияи футбол ва роҳбарияти клуб дар пайи муроҷиату пешниҳодҳои мухлисон дубора қарордори ҳамкорӣ бо Паркасро ба имзо расонидаанд. Гуфта мешавад қарордоди ҷадид давоми як сол то поёни бозиҳои даври нави чемпионати футболи Тоҷикистон эътибор дорад. Бино ба раддабандии мавқеъи дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи “Истаравшан” аз чор бозӣ ҳамагӣ 4 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 7 қарор дорад. Қарор аст, рӯзи 9 май дар дораи бозиҳои даври 6 уми чемпионати футболи Тоҷикистон “Истаравшан” ва “Клуби варзишии Артиш” (ССКА) миёни ҳам сабқат кунанд.
https://sputnik.tj/20220507/agent-futbol-arzishmand-bozigari-tojik-1048253806.html
истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035190882_886:0:2721:1376_1920x0_80_0_0_6dd8679fb927bc0913ce08f2e3205124.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сармурабӣ олмонӣ “истаравшан” бозгашт
сармурабӣ олмонӣ “истаравшан” бозгашт
Бозгашти дигарбораи сармурабии олмонии “Истаравшан” бо дархости мухлисон
12:30 07.05.2022 (Навсозишуда: 20:17 07.05.2022) Эксклюзив
Дар пайи баррасии чаҳор бозии ахири даста, раҳбарияти бошгоҳ сармураббиро аз мақомаш барканор кард, аммо бо пешниҳоди мухлисон дигарбора баргардонид
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Ризо Паркас сармурабии эронитабори олмонии дастаи футболи “Истаравшан” баъди 4 рӯзи барканорӣ, дубора ба ин маснадаш барқарор шудааст.
Илҳом Баротов, мураббии дастаи “Истаравшан” ин иттилоъро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Ӯ гуфт, дар бораи аз нав таъйин гардидани сармурабии собиқ рӯзи 6 май қарор ба тасвиб расонида шуд.
“Бо таклифу пешниҳоди зиёди мухлисони “Истаравшан”, рӯзи 6 май Ризо Паркас дубора сармураббии даста таъйин гардид”– гуфт, Баротов.
Ёдовар мешавем, рӯзи 2 май, Федератсияи футболи шаҳри Истаравшан бо баргузории ҷаласа бо иштироки директори клуби футболи “Истаравшан” Алишер Фозилов, дар бораи қатъи шартномаи ҳамкорӣ бо сармураббии олмонии даста Ризо Паркас ва капитани тим Илҳом Баротов иттилоъ дода буд.
Дар хабар гуфта мешуд, ки масъулони футбол натиҷаҳои чор бозии дастаи футболи “Истаравшан” дар Лигаи олии Тоҷикистонро дар ҷаласа мавриди муҳокима қарор дода ба мувофиқа расидаанд, ки шурӯъ аз оғози моҳи майи соли ҷорӣ шартномаи ҳамкорӣ бо сармураббӣ қатъ карда мешавад.
Дар он ҷаласа бо назардошти хулосаи ҳосилгардида ҳамчунин шартномаи ҳамкорӣ бо ёрдамчии сармураббӣ Шуҳрат Шамсиев низ қатъ карда шуд.
Ҳоло баъди ҳамагӣ чаҳор рӯз холи мондани маснади сараббӣ дар “Истаравшан” масъулони Федетрасияи футбол ва роҳбарияти клуб дар пайи муроҷиату пешниҳодҳои мухлисон дубора қарордори ҳамкорӣ бо Паркасро ба имзо расонидаанд.
Гуфта мешавад қарордоди ҷадид давоми як сол то поёни бозиҳои даври нави чемпионати футболи Тоҷикистон эътибор дорад.
Бино ба раддабандии мавқеъи дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи “Истаравшан” аз чор бозӣ ҳамагӣ 4 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 7 қарор дорад.
Қарор аст, рӯзи 9 май дар дораи бозиҳои даври 6 уми чемпионати футболи Тоҷикистон “Истаравшан” ва “Клуби варзишии Артиш” (ССКА) миёни ҳам сабқат кунанд.