https://sputnik.tj/20220519/qarz-barq-afghoniston-tojikiston-uzbekiston-1048560105.html
Толибон сабаби таъхир дар пардохти пули нерӯи барқи Тоҷикистонро шарҳ доданд
Толибон сабаби таъхир дар пардохти пули нерӯи барқи Тоҷикистонро шарҳ доданд
Sputnik Тоҷикистон
Афғонистон мегӯяд омодаи пардохти пули барқ ба Душанбею Тошканд аст, аммо бинобар мушкилоти бонкӣ наметавонанд онро ба ҳамсоякишварҳоирсоз кунанд
2022-05-19T13:40+0500
2022-05-19T13:40+0500
2022-05-19T20:25+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ӯзбекистон
қарзҳо
барқ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_0:0:3135:1764_1920x0_80_0_0_bfa410b73da4611441e7be34ceb32fff.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Вазорати энержӣ ва оби Афғонистон мегӯяд, ин кишвар аз ҳисоби воридоти нерӯи барқ аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз 100 миллион доллар қарздор аст. Ахтар Муҳаммад Нусрат, сухангӯи ин вазорат дар суҳбат бо "Tolo news" гуфт, ҳоло бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар интиқоли пул бо мушкил рӯ ба рӯ шудаанд ва ин ҳолат ба пардохти қарзҳои "Брешно" монеъ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Вазорати энержӣ ва об талош дорад, пули барқро пардохт кунад.Дар ҳамин ҳол Амонуллоҳ Ғолиб, раиси собиқи "Брешно" мегӯяд, Афғонистон ҳар сол ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Ӯзбекистон барои харидории нерӯи барқ ҳудуди 300 миллион доллар мепардозад. "Афғонистон бештари нерӯи барқи худро аз Ӯзбекистон мехарад. Ин тақрибан 180 миллион доллар дар як сол аст. Мушкилоте, ки дар ин замон ба миён меояд, аз пардохти пули нерӯи барқ аст", - гуфтааст Амонуллоҳ Ғолиб. Ба таъкиди ӯ, бинобар вазъ дар Украина ва мушкилот бо бонкҳо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон наметавонанд пулро аз бонкҳо дарёфт кунанд.Қаблан бозраси вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон гуфта буд, ки Афғонистон беш аз 80 дарсади нерӯи барқи худро аз кишварҳои ҳамсоя ворид мекунад ва агар ин кишварҳо барқро қатъ кунанд, манзили беш аз даҳ миллион афғон тира хоҳад шуд.Маврид ба зикр аст, Тоҷикистон яке аз содиркунандагони асосии барқ ба Афғонистон аст, ки танҳо дар соли 2021 1 миллиарду 275,2 миллион кВт/соат барқ, ба маблағи 635,9 миллион сомонӣ (56,2 миллион доллар) интиқол додааст.Гуфта мешавад, содирот ба Кобул тавассути ду хатти барқ - 110 кВ ва 220-киловаттӣ амалӣ мешавад.Маҳмадумар Асозода, раиси нави "Барқи тоҷик" ахиран гуфта буд, ки қарзи ширкати энержии “Брешно”-и Афғонистон аз Тоҷикистон беш аз 33 миллион долларро ташкил медиҳад.Дар оғози соли ҷорӣ ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, ки Афғонистон аз ин қарзҳояш 5 миллион долларашро додааст ва ваъда додаанд, ки онро пурра пардохт хоҳанд кард.Ин ниҳод то кунун ҳоло гузориш надодааст, ки ҳукумати нав чӣ қадар қарзи барқро пардохт кард.
https://sputnik.tj/20220411/barodar-tolibon-farmon-qarz-breshnaro-1047542088.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_196:0:2927:2048_1920x0_80_0_0_0c5e93ec6b9584b130f3958ab2f9343f.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон тоҷикистон қарз барқ
афғонистон тоҷикистон қарз барқ
Толибон сабаби таъхир дар пардохти пули нерӯи барқи Тоҷикистонро шарҳ доданд
13:40 19.05.2022 (Навсозишуда: 20:25 19.05.2022) Афғонистон мегӯяд, омодаи пардохти пули барқ ба Душанбею Тошканд аст, аммо бинобар мушкилоти бонкӣ наметавонад онро ба ҳамсоякишварҳо ирсол кунад
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Вазорати энержӣ ва оби Афғонистон мегӯяд, ин кишвар аз ҳисоби воридоти нерӯи барқ аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз 100 миллион доллар қарздор аст.
Ахтар Муҳаммад Нусрат, сухангӯи ин вазорат дар суҳбат бо "
Tolo news" гуфт, ҳоло бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар интиқоли пул бо мушкил рӯ ба рӯ шудаанд ва ин ҳолат ба пардохти қарзҳои "Брешно" монеъ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Вазорати энержӣ ва об талош дорад, пули барқро пардохт кунад.
"Ӯзбекистон мушкили худро дорад, мо мехоҳем, пардохт кунем, аммо мушкил дар бонкҳост", - гуфт Ахтар Муҳаммади Нусрат.
Дар ҳамин ҳол Амонуллоҳ Ғолиб, раиси собиқи "Брешно" мегӯяд, Афғонистон ҳар сол ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Ӯзбекистон барои харидории нерӯи барқ ҳудуди 300 миллион доллар мепардозад.
"Афғонистон бештари нерӯи барқи худро аз Ӯзбекистон мехарад. Ин тақрибан 180 миллион доллар дар як сол аст. Мушкилоте, ки дар ин замон ба миён меояд, аз пардохти пули нерӯи барқ аст", - гуфтааст Амонуллоҳ Ғолиб.
Ба таъкиди ӯ, бинобар вазъ дар Украина ва мушкилот бо бонкҳо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон наметавонанд пулро аз бонкҳо дарёфт кунанд.
Қаблан бозраси вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон гуфта буд, ки Афғонистон беш аз 80 дарсади нерӯи барқи худро аз кишварҳои ҳамсоя ворид мекунад ва агар ин кишварҳо барқро қатъ кунанд, манзили беш аз даҳ миллион афғон тира хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, Тоҷикистон яке аз содиркунандагони асосии барқ ба Афғонистон аст, ки танҳо дар соли 2021 1 миллиарду 275,2 миллион кВт/соат барқ, ба маблағи 635,9 миллион сомонӣ (56,2 миллион доллар) интиқол додааст.
Гуфта мешавад, содирот ба Кобул тавассути ду хатти барқ - 110 кВ ва 220-киловаттӣ амалӣ мешавад.
Маҳмадумар Асозода, раиси нави "Барқи тоҷик" ахиран гуфта буд, ки қарзи ширкати энержии “Брешно”-и Афғонистон аз Тоҷикистон беш аз 33 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар оғози соли ҷорӣ ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, ки Афғонистон аз ин қарзҳояш 5 миллион долларашро додааст ва ваъда додаанд, ки онро пурра пардохт хоҳанд кард.
Ин ниҳод то кунун ҳоло гузориш надодааст, ки ҳукумати нав чӣ қадар қарзи барқро пардохт кард.