Нерӯҳои толибон дастур гирифтанд, ки қарзи барқро ситонанд: пули Тоҷикистонро медиҳанд?

© AP / Hussein SayedМулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов
Мулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Муовини нахуствазири ҳукумати толибон ба ниҳодҳои амниятӣ дастур додааст, ки бо ин ширкат барои ҷамъоварии қарзҳои "Брешно" аз афроди қудратманд ва ниҳодҳои давлатӣ ҳамкорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири ҳукумати таҳти раҳбарии толибон дар нишасти Кумиссиюни иқтисодии ин гурӯҳ, ки рӯзи душанбе, 11 апрел баргузор шуд, аз ниҳодҳои амниятии ин гурӯҳ хост, бо ширкати барқрасони "Брешно" қарзи барқро аз идораҳо ва аҳолӣ ситонанд.
"Брешно" мегӯяд, ки бисёре аз идораҳои давлатӣ ва афроди қудратманд қабл аз суқути Кобул ва баъд аз он низ ​​пули барқро пардохт накардаанд.
Ин ширкат қаблан эълом карда буд, ки дар сурати пардохт нашудани қарзи нерӯи барқ, аз ҷумла аз тарафи мансабдорони собиқи давлатӣ дороиҳои онҳо ба фурӯш гузошта мешаванд.
"Брешно" барои қарздорон низ муҳлат муқаррар карда буд.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
"Барқи тоҷик" ҳаҷми даромад ва фурӯши барқ ба хориҷаро эълон кард
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз содиркунандагони асосии барқ ба Афғонистон аст, ки танҳо дар соли 2021 1 миллиарду 275,2 миллион кВт/соат барқ, ба маблағи 635,9 миллион сомонӣ (56,2 миллион доллар) интиқол додааст.
Гуфта мешавад, содирот ба Кобул тавассути ду хатти барқ ​​- 110 кВ ва 220-киловаттӣ амалӣ мешавад.
Маҳмадумар Асозода, раиси нави "Барқи тоҷик" ахиран гуфта буд, ки қарзи ширкати энержии “Брешно”-и Афғонистон аз Тоҷикистон беш аз 33 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар оғози соли ҷорӣ ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, ки Афғонистон аз ин қарзҳояш 5 миллион долларашро додааст ва ваъда додаанд, ки онро пурра пардохт хоҳанд кард.
Ин ниҳод то кунун ҳоло гузориш надодааст, ки ҳукумати нав қарзи барқро пардохт кард ё на.
Лентаи хабарҳо
0