Эътирози ғайримунтазира алайҳи вуруди Финландия ва Шветсия ба НАТО

© KENZO TRIBOUILLARDФлаг НАТО на фоне флагов стран-участниц Альянса
Флаг НАТО на фоне флагов стран-участниц Альянса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Финландия ва Шветсия рӯзи чаҳоршанбе тасмими пайвастан ба НАТО-ро эълон карданд. Сафирҳо аллакай ба дабири кулли Йенс Столтенберг дархост пешниҳод кардаанд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik, Дмитрий Ермаков. Туркия ваъда додааст, ки аз ин ташаббус монеъ мешавад. Баъзе давлатҳои Аврупои Шарқӣ низ скандинавиҳоро дастгирӣ накарданд. Мухолифин кадом талабҳоро пешниҳод мекунанд ва оё онҳо метавонанд музокиротро қатъ кунанд, масъалаест, ки онро РИА “Новости” таҳқиқ кардааст.

"Инкубатори терроризм"

Ҳелсинкӣ ва Стокҳолм як ҳафта пеш аз пешниҳоди расмии ҳуҷҷатҳо нияти худро баён карданд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон дарҳол эътироз кард. Вай аз он нигарон аст, ки намояндагони сершумори Ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) дар мамлакатҳои Скандинавия муқим шудаанд. Туркия, ИА ва ИМА онро як гурӯҳи террористӣ медонанд.
Дар аввал, 13 май Эрдуғон танҳо ишора кард, ки ӯ метавонад ба ин тасмим вето гузорад.
"Мо дар ин бора назари мусбат надорем. Кишварҳои Скандинавия мизбони созмонҳои террористӣ ҳастанд", - гуфт ӯ.
Гап дар сари он аст, ки барои қабул шудан НАТО розигии ҳамаи 30 мамлакати аъзои блоки Атлантикаи Шимолӣ лозим аст. Ҳамин тариқ ҳар як узви иттифоқ метавонад вурудро манъ кунад.
Худи рӯзи дигар Туркия, ба назар чунин мерасад, мавқеи баръакс гирифт. Иброҳим Калин, мушовири аршади раисиҷумҳур оид ба сиёсати хориҷӣ гуфт, ки кишвар "дарро набаста" ва аз аъзои эҳтимолии паймон даъват кард, ки музокира кунанд. Мавлуд Чавушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия дар Берлин бо ҳамтоёни шведӣ ва финландияш мулоқот кард.
Чунин ба назар мерасад, ки ҳама чиз ба гармшавии муносибатҳо далолат мекунанд. Шветсия ният дошт, ба Анкара намояндагони худро фиристад, то муколама барпо кунад. Аммо Эрдуғон ғайричашмдошт аз ақидааш пуштибонӣ кард:
"Мо наметавонем ба онҳое, ки алайҳи Туркия таҳрим ҷорӣ мекунанд, “ҳа” бигӯем. НАТО як созмони амниятӣ аст. Ҳайатҳои Финландия ва Шветсия набояд худро заҳмат диҳанд".
Ба гуфтаи сарвари ин давлат, шаҳрвандони Скандинавия аз истирдоди афроди гумонбар ба ҳамкорӣ ба ПКК худдорӣ карданд. Зиёда аз он дар парлумони Шветсия аз тарафдорони ин ҳизб ҳастанд. Тавре расонаҳои туркӣ таъкид карданд, довталабони пайвастан ба ин эътилоф барои истирдоди беш аз сӣ узви Ҳизби коргарони Курдистон ва Ҷунбиши “Хидмат” ба Анкара розӣ нашуданд. Раҳбари созмони “Хидмат” нависанда ва воиз Фатҳулло Гулен аст, ки дар Туркия созмондиҳандаи табаддулоти ноком дар соли 2016 эълон шуда буд. Эрдуғон ӯро душмани шахсӣ номид.
"Шветсия инкубатори созмонҳои террористӣ аст", - таъкид кард президенти Туркия.
Аммо ба назар мерасад, ки Анкара монеаҳои ниҳоӣ намегузорад ва муомила мекунад. Тавре се мақоми баландпояи турк ба шарти ифшо нашудани номашон ба “Bloomberg” гуфтанд, омодаанд, дар посух ба иқдомҳои мутақобилаи паймон таслим шавад. Илова ба масъалаи ПКК ин лағви эмбарго барои содироти силоҳ ба Туркия ва инчунин лағви таҳримҳо барои хариди системаи дифои ҳавоии “Триумф” мебошад.
Чунон ки газетаи туркии "Сабаҳ" хабар медихад, Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар ояндаи наздик ба Финландия ва Шветсия манифести дахшартиро супурданист. Ҳамаи онҳо ба ПКК марбутанд, аммо дар миёни онҳо ҳеҷ гуна талабот барои истирдоди сокинони Анкара вуҷуд надорад. Аммо ин рӯйхат ҳанӯз расман нашр нашудааст.

Нозукиҳои Стокҳолм

Муҳоҷирони курд дар посух ба суханони раисҷумҳури Туркия дар яке аз кӯчаҳои Стокҳолм парчами бузурги Курдистонро овехта, бомбҳои дудзо афрӯхтанд. Намояндагони ин халқ дар Шветсия бисёранд. Ва воқеан, дар парлумон як вакил ҳаст, ки аз ПКК пуштибонӣ мекунад, Амина Какабаве, зодаи Эрон. Дар ҷавонӣ ӯ узви гурӯҳи Комала буд, ки дар ҷумҳурии исломӣ ҳамчун гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳоло Какабава расман аъзои ҳизби курдҳо нест. Аммо ӯ мехоҳад, ки ПКК ва муттаҳидонаш аз рӯйхати созмонҳои террористӣ дар Шветсия хориҷ карда шаванд. Сотсиал-демократҳо дар вебсайти худ санадеро бо чунин муроҷиатнома нашр карданд. Дар он ҳамчунин зарурати эътирофи истиқлоли Курдистон зикр шудааст.
Як мақоми баландпояи Шветсия ба рӯзномаи “Financial Times” гуфтааст, дар ин кишвар бисёре аз “депутатҳои дигар бо миллати курд” ҳастанд. Дар Стокҳолм низ қароргоҳи Маркази озодии Стокҳолм (SCF) ва Шабакаи пажуҳишҳои мониторинги шимолӣ (NRMN) ҷойгир аст, ки мухолифони туркро дар атрофи худ ҷамъ кардаанд.
Солдат армии США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Вокуниши Русия дар қиболи вуруди Финландия ва Шветсия ба НАТО
Аммо дар миёни сиёсатмадорони Шветсия ҷонибдорони Эрдуғон низ ҳастанд. Моҳи сентябр Ҳизби исломии нюанс, ки раҳбари он Микайил Юксели турк аст, дар интихоботи порлумонӣ ширкат хоҳад кард. Ӯ бо созмони ифротгароёни ростгаро "Гургҳои хокистарӣ", ки дар солҳои 1970-ум дар Туркия садҳо кушторро ташкил мекард, иртибот дорад. Пас аз шӯриши соли 2016 "гургҳо" нангин шуданро бас карданд - бисёре аз сиёсатмадорони турк нуқтаи назари пантуркистии худро пинҳон намекунанд.
Нозирон бар ин назаранд, ки Анкара тавассути Ҳизби нюанс мехоҳад манфиатҳои худро дар Аврупо, аз ҷумла дар Югославияи собиқ лоббӣ кунад. Дар Шветсия тақрибан 100 000 муҳоҷир аз Босния ва Ҳерсеговина, Косово ва Албания зиндагӣ мекунанд. Ҳизби Юксел тақозо дорад, ки Босния ва Ҳерсеговина ва ҳамчунин худи Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо ворид шаванд.

Ветои Балкан

Масъалаи Балканро дигар мухолифони вуруди кишварҳои Скандинавия ба НАТО низ ба миён гузошта буданд. Раисҷумҳури Хорватия Зоран Миланович таҳдид кардааст, ки агар ин баҳс ҳангоми ҳузури ӯ дар нишасти моҳи июни ин паймон сурат бигирад, онро вето хоҳад гузошт. Монеаи қонунҳои интихоботӣ дар Босния ва Ҳерсеговина аст, ки ба гуфтаи Миланович, ба хорватҳо дар ин кишвар ҳуқуқи кофӣ намедиҳад. Вай "амрикоиҳо, англисҳо ва олмониҳо"-ро гунаҳкор мешуморад.
Кишварҳои дигари Аврупои Ҷанубӣ ва Шарқӣ низ аз дахолати НАТО дар муноқишаи Украина норозӣ ҳастанд. Дар Юнон бар зидди интиқоли аслиҳа ба Киев ва ҳамчунин ҳузури пойгоҳҳои низомии Амрико ва НАТО дар ин кишвар гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Кормандони “TrainOSE” интиқоли силоҳи вазнин ба бандарҳои Юнонро бойкот карданд. Хамин гуна митинг дар Булғор барпо гардид. Дар он раиси Ҳизби муҳофизакори эҳё Костадин Костадинов хостори истеъфои ҳукумат шуд.

Масъалаи нарх

Аммо ин танҳо табъи як қисми шаҳрвандон мебошад. Дар сатҳи олӣ ғайр аз Эрдуғон ва Миланович касе ба муқобили қабули давлатҳои Скандинавия ба НАТО баромад накард. Раисҷумҳури Финландия Саули Ниинисте ба шабакаи телевизионии “Yle” гуфт, ки ба хоҳиши Туркия барои монеи вуруди ин кишвар ба ин созмон шубҳа дорад.
Дабири кулли НАТО Столтенберг дар маросими истиқболи сафирон гуфт:
"Иттиҳод ба қадамҳои фаврӣ барои ба расмият даровардани узвияти Финландия ва Шветсия умед мебандад".
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти СПАД қайд кард, ки пазируфтани ду кишвар ба НАТО барои Маскав хатаре надорад. Аммо ба гуфтаи сарвари давлат, Русия ба тавсеаи зербиноҳои низомии паймон посух хоҳад дод.
Сиёсатшиносон истисно намекунанд, ки ин мавқеъ дар Анкара ба инобат гирифта мешавад: онҳо аҳамияти тиҷорати амн дар баҳри Сиёҳ ва Закавказияро дарк мекунанд, ки Русия яке аз бозигарони пешбар аст.
"Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Эрдуғон то андозае намехоҳад равобитро бо Маскав бадтар кунад", - гуфт Виктор Надеин-Раевский, ходими калони илмии ММТИҶРБ. Бо вуҷуди ин ӯ таъкид мекунад, Туркия ҳамеша дар арсаи байналмилалӣ ҳадафҳои гуногунро пайгирӣ мекунад.
Евгений Минченко, президенти холдинги коммуникатсионии "Минченко Консалтинг" низ ба ҳамин назар аст. Вай вазъи дипломатии байни Анкара ва довталабонро ба бозори туркӣ муқоиса мекунад.
Моряки фрегата Йлдирим ВМС Турции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Туркия монеаи баррасии дархости Финландия ва Шветсия дар НАТО шудааст
"Вақте фурӯшанда мавқеъҳои бисёри музокира дорад, барои ӯ гуфтушунид кардан чизе осонтар мешавад. Нарх ва интихоби мол метавонад тағйир ёбад, аммо агар ҳар ду ҷониб бихоҳанд, созиш кунанд, розӣ мешаванд", - мегӯяд сиёсатшинос.
Ба гуфтаи коршинос, Эрдуғон, ки соли оянда ба интихобот дучор мешавад, дар бораи рейтинги худ низ фикр мекунад. Дар фасли баҳор ӯ тавонист каме пас аз коҳиши рекордии моҳи декабр ба 39 дарсад баргардад. Тибқи тадқиқоти “MetroPol”, ҳоло 43 фоизи пурсидашудагон ӯро дастгирӣ мекунанд. Рушд ночиз аст ва ҳоло сарвари Туркия дар арсаи сиёсати хориҷӣ беш аз пеш ба муваффақияти ҷиддӣ ниёз дорад.
Лентаи хабарҳо
0