Зоҳидӣ: Заминаи муносибе барои рушди робитаи фарҳангӣ миёни Эрону Тоҷикистон вуҷуд дорад

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Эрон бар ояндаи ҳамкориҳои фарҳангии Душанбеву Теҳрон назари нек дорад ва умедвор аст, мубодилоти фарҳангӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳангоми боздид аз сию савумин Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Теҳрон гуфт, робитаи фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар сатҳи бисёр хуб қарор дорад.
“Робитаи фарҳангӣ тақвияти бахши равобит дар ҳавзаҳои дигар аст. Барои ин ки дар ин ҳавза дастовардҳое дошта бошем, муштаракоти зиёде байни ду миллат дорем ва ин муштаракот, воқеан, заминаи бисёр муносибе барои тақвияти робитаи фарҳангӣ байни Эрон ва Тоҷикистон аст”, - гуфт сафири Тоҷикистон дар Эрон.
Дар Намоишгоҳи бузурги китоби Теҳрон як ҳайати 25-нафарии Тоҷикистон, ки аз намояндагони ниҳодҳои фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла ноширон иборат аст, ҳузур дорад.
Ба гуфтаи сафир, ҳузури намояндагони Тоҷикистон далели тақвияти ҳамкориҳо миёни ду кишвар аст.
Встреча начальника штаба Вооруженных сил Ирана генерал-майора Мохаммад Багер и министра обороны Таджикистана Ширали Мирзо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Тоҷикистон ва Эрон размоиши муштарак доир мекунанд
“Муҳите, ки имрӯз дар Эрон вуҷуд дорад, барои рушди фарҳангу тавсеаи муровидоти фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамсоя хеле мусоид аст. Мо имрӯз дар намоишгоҳ шоҳиди ҳузури ноширон аз бисёре аз кишварҳои дунё ҳастем. Ҳайати тоҷикистонӣ китобҳои зиёде ҳамроҳи худ овардааст ва худи сафорат ҳам дар ин ҷо ғурфае дар ҳадди тавону иститоати худ фароҳам намуда ва ба ин тартиб мо ҳам дар ин бозори муровидоти фарҳангӣ саҳим ҳастем”, - гуфт Зоҳидӣ.
Вай афзуд, ин рӯзҳо адабиёти муосири Эрон дар Тоҷикистон ва адабиёти муосири Тоҷикистон дар Эрон матраҳ аст.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон Нимо Юшиҷро шоири маҳбуби эронии худ муаррифӣ кард ва гуфт: Нимо Юшиҷ, Суҳроби Сипеҳрӣ ва Нодири Нодирпур дар Тоҷикистон матраҳ ҳастанд, аммо муттаассифона, осори адибони Тоҷикистон дар Эрон камтар дида мешаванд ва умедворем, заминаи мусоид барои ин масъала фароҳам хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0