https://sputnik.tj/20220517/1048504588.html
Тоҷикистон ва Эрон размоиши муштарак доир мекунанд
Тоҷикистон ва Эрон размоиши муштарак доир мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Эрон бар сари рушди бештари ҳамкориҳои низомӣ таъкид карда, тавсеаи таҷҳизоти низомиро аз авлавиятиҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳо хондаанд
2022-05-17T12:25+0500
2022-05-17T12:25+0500
2022-05-17T13:58+0500
дар тоҷикистон
эрон
тавсеаи ҳамкориҳо
артиш
размоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048506617_0:46:1080:654_1920x0_80_0_0_4f70d96c354c13694714ae2b6cbf6819.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо мулоқот кардааст.Бино ба гузориши пойгоҳи хабарии "Iran.ru", дидори низомиён баъди маросими бошукӯҳи нерӯҳҳои мусаллаҳи Тоҷикистон доир шуда, дар он ду кишвар бар зарурати мубориза бо терроризм, истиқрори сулҳу амният дар марзҳо ва баргузории тамринҳои муштараки низомӣ таъкид карданд.Ҷонибҳо роҳҳои тавсеа, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва мубориза бо терроризм дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои минтақаӣ бо меҳварияти кишвари Афғонистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд.Генерали аршади Эронӣ гуфтааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар бояд илова бар барқарории амният дар марзҳо бо якдигар таомулу табодули назар дошта бошанд, тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба ва ҳамчунин табодули омузиш ва тавсеаи ҳамкории низомӣ перомуни мубориза бо терроризм, бояд дар авлавияти нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар қарор гирад.Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин дидор аз тарҳҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои муқобила бо терроризм, ҷиноятҳои созмонёфта ва маводи мухаддир бо кумак ва ҳамкории ду кишвар истиқбол кардааст.Ӯ гуфтааст, баргузории размоишҳои муштарак ва тавсеаи таҷҳизоти низомӣ аз авлавиятиҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишвари Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
https://sputnik.tj/20220311/rahimzoda-rohbaron-shahri-eron-muloqot-1046707415.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/11/1048506617_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_402b13e1d31fb4a89965a335c2d00415.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон эрон размоиш муштарак
тоҷикистон эрон размоиш муштарак
Тоҷикистон ва Эрон размоиши муштарак доир мекунанд
12:25 17.05.2022 (Навсозишуда: 13:58 17.05.2022) Тоҷикистон ва Эрон бар сари рушди бештари ҳамкориҳои низомӣ таъкид карда, тавсеаи таҷҳизоти низомиро аз авлавиятиҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳо хондаанд
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо мулоқот кардааст.
Бино ба
гузориши пойгоҳи хабарии "Iran.ru", дидори низомиён баъди маросими бошукӯҳи нерӯҳҳои мусаллаҳи Тоҷикистон доир шуда, дар он ду кишвар бар зарурати мубориза бо терроризм, истиқрори сулҳу амният дар марзҳо ва баргузории тамринҳои муштараки низомӣ таъкид карданд.
Ҷонибҳо роҳҳои тавсеа, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва мубориза бо терроризм дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои минтақаӣ бо меҳварияти кишвари Афғонистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд.
Генерали аршади Эронӣ гуфтааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар бояд илова бар барқарории амният дар марзҳо бо якдигар таомулу табодули назар дошта бошанд, тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба ва ҳамчунин табодули омузиш ва тавсеаи ҳамкории низомӣ перомуни мубориза бо терроризм, бояд дар авлавияти нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар қарор гирад.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин дидор аз тарҳҳои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои муқобила бо терроризм, ҷиноятҳои созмонёфта ва маводи мухаддир бо кумак ва ҳамкории ду кишвар истиқбол кардааст.
Ӯ гуфтааст, баргузории размоишҳои муштарак ва тавсеаи таҷҳизоти низомӣ аз авлавиятиҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишвари Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.