Вазорат суқути чархболро дар Рӯшон рад кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкУчения сил ОДКБ в Таджикистане
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, сарусадоҳо дар мавриди суқути як чархболи низомӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ асос надоранд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чархболи низомӣ суқут накард. Дар ин бора, агентии иттилоотии "Ховар" бо истинод ба Вазорати мудофиаи кишвар хабар дод.
Манбаъ меафзояд, сарусадоҳо дар мавриди суқут кардани чархболи низомӣ дар ноҳияи Рӯшон асос надоранд.
"Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн гардидани хабарҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ, ки гӯё зимни он як чархболи низомии Тоҷикистон дар Рӯшон суқут кардааст, изҳор медорад, ки ин маълумот ягон асоси воқеӣ надорад", - омадааст дар изҳороти вазорат.
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Ҳалокати 9 ва ҷароҳати 24 нафар дар ҳаводиси Рӯшон
Изҳороти ин ниҳод дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре дар бораи суқут кардани чархболи низомии Тоҷикистон дар ВМКБ интишор шудааст.
ВУД чанде пеш нооромиҳои ахир дар ноҳияи Рӯшонро шарҳ дода афзуд, ки бар асари он 9 нафар ба ҳалокат расида, 24 тани дигар захмӣ шуданд.
"8 нафар нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзоёни фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Илова бар ин зикр гардид, ки як афсар низ ба ҳалокат расида, 13 хидматчии ҳарбӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.
Лентаи хабарҳо
0